Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳузури Амрико дар музокирот бо Эрон


Нахустин бор як намояндаи ҳукумати Ҷорҷ Буш бо музокиракунандаи ҳастаии Эрон сари як миз хоҳад нишаст, ки ҳадаф аз ин гуфтугуҳо мойил кардани Эрон ба даст кашидан аз фаъолиятҳои ғанисозии ураниум мебошад. Бино ба иттилоъи хабаргузории "Ассосиейтед Пресс", Вилям Бурнс –мақоми севвумдараҷаи вазорати умури хориҷаи Амрико дар музокироти чандҷониба дар шаҳри Женева ширкат хоҳад кард, ки ин нишаст бо раҳбарии сиёсатгузори умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо Хавиер Солана сурат мегирад. Дар ин нишаст, панҷ узви Шӯрои Амният бар изофаи Олмон мехоҳанд ҷавоби Эронро бишнаванд, ки дар ивази қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниум бастаи пешниҳодии онҳоро дар қабул мекунад ё на. Раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш ҳамвора сиёсати гуфтугу накардан бо Эронро думбол мекард, вале ҳоло як мақоми олирутбаи ҳукумат тағйирот дар ин сиёсатро эътироф кардааст. Аммо ин мақом гуфтааст, ки Вилям Бурнс бо музокиракунандаи ҳастаии Эрон Сайид Ҷалилӣ танҳо ба танҳо гуфтугу нахоҳад кард. Қудратҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон саъй дорад, то силоҳи атомӣ бисозад.

XS
SM
MD
LG