Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райс: “Амрико аз худу муттаҳидонаш дифоъ мекунад”


Кондолиза Райс, вазири умури хориҷии Амрико, имрӯз ба Эрон ҳушдор дод, ки набояд шак дошта бошад, ИМА аз манофеъи худ ва муттаҳидонаш дифоъ хоҳад кард. Хонум Райс дар ин бора ҳангоми сафараш ба Гурҷистон, як рӯз баъд аз он ки Эрон дар қиболи тамринҳои низомии Исроил мушаки дурбурди “Шиҳоб 3”- ро озмоиш кард, таъкид намуд. Вай гуфт: “Мо манфиатҳои Амрико ва муттафиқони худро ҳимоя хоҳем кард. Мо дар ин самт аллакай корҳоеро ба сомон расонидем. Фикр мекунам, шумо хабар доред, ки дар Халиҷ ИМА тавонмандиҳои амниятии худро тақвият дода, ҳузури амниятии худро тъмин кардааст ва мо бо ҳама шарикони худ аз наздик ҳамкорӣ мекунем, то мутмаин бошем, ки онҳо барои ҳимояи худ қодир ҳастанд” Озмоиши мушаки дурбурди Эрон дар ҳоле ба вуқӯъ мепайвандад, ки нигаронии Амрико ва кишварҳои ғарбӣ аз сарпечии Теҳрон дар мавриди қатъи ғанисозии ураниум бештар шудааст.
XS
SM
MD
LG