Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари нахуствазири Туркия ба Ироқ


Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, барои гуфтугӯ бо Нурӣ Ал -Моликӣ, нахуствазири Ироқ ва соири мусалмонони ин кишвар, ба Бағдод рафтааст. Интизор меравад, ҷонибҳо созишномаи ҳамкории стратегиро имзо кунанд. Аммо ҷузъиёти бештари ин созишнома рӯшан нест. Масоъили марбут ба ҳузури аъзои Ҳизби коргарони Курдистон дар шимоли Ироқ эҳтимолан яке аз мавзӯъи аслии музокироти нахуствазирони ду кишвар бошад. Моҳи феврал Туркия алайҳи ошӯбгарон аз Ҳизби коргарони Курдистон дар шимоли Ироқ як амалиёти густурда анҷом дода буд.
XS
SM
MD
LG