Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷор дар канори Лал Масҷиди Исломобод


Бегаҳи якшанбе бар асари таркиши мудҳиш дар Исломобод дасти кам даҳ корманди полиси Покистон ба ҳалокат расиданд. Даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштанд ва мақомот мегӯянд, ки шояд теъдоди қурбониён афзоиш биёбад.

Ба иттилоъи расмӣ, як маргталаб ба ҳалқаи кормандони пулис дар канори Лал Масҷид ё Масҷиди Сурх ҳамла кардааст.
Имрӯз ҳазорон нафар аз ҷонибдорони ҷунбишҳои исломии Покистон ба хотири ёдбуди қурбониён дар канори ин масҷид ҷамъ омаданд – расо як сол пеш нерӯҳои ҳукуматӣ дар ин масҷид амалиёти низомӣ доир карда буданд. То рӯзи амалиёт гуфтушунид бо ифротгарони дар масҷид ҷамъомада, ки шадидтар кардани қавонин шариат дар кишварро талаб доштанд, бенатиҷа анҷом ёфта буд. Дар амалиёти низомӣ, ки дар дохили Лал-Масҷид чандин соат идома кард, дасти кам 102 нафар ба ҳалокат расиданд.

Масъулияти ҳамлаи ахирро ҳанӯз ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG