Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷлоси Маҷмаъи порлумонии САҲА дар Қазоқистон


Имрӯз дар Остона-пойтахти Қазоқистон иҷлоси Маҷмаъи порлумонии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ба кори худ оғоз кард. Ин иҷлоси 17-уми солона аст ва бори аввал дар пойтахти як кишвари Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Дар оғози кори ин иҷлос Йоран Леннмарке-раиси Маҷмаъи порлумонии САҲА ва Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон суханронӣ карданд. Леннмарке гуфт, баргузории ин иҷлос дар Осиёи Марказӣ гувоҳи он аст, ки САҲА ба демократия дар ин минтақа аҳамият қоил аст. Дар ин иҷлос намояндагони Тоҷикистон низ ширкат доранд.
XS
SM
MD
LG