Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созишномаи Тоҷикистону Афғонистон ба имзо мерасад


Қарор аст имрӯз созишномаи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон барои интиқоли нерӯи барқ дар давоми солҳои 2010-2015 ба имзо расад. ИТАР ТАСС, ношири ин хабар аз қавли масъулони ширкати «Барқи тоҷик» навиштааст, ки интиқоли нерӯ тавассути хатти баландшиддати 500 киловаттаи «Сангтӯда-1-Пули Хумрӣ», ки 120 километр тӯл дорад, сурат мегирад. Сохтмони ин хати баландшиддат 23 миллион доллар арзиш дошта бо сармоягузории Бонки Осиёии Рушд аз тирамоҳи соли ҷорӣ оғоз хоҳад шуд. Ин санад ӯҳдадории ҷонибҳоро дар масъалаи наҳваи интиқоли нерӯи барқ ба танзим медарорад. Аз ҷумла дар ҳоли ҳозир интиқоли мавсимии барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар назар дошта шуда, аммо баъди истифодаи агрегати аввали Роғун он доимӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG