Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадҷон Одилов аз зиндон озод шуд


Дар пайи боздиди ахири ёвари вазири хориҷаи Амрико Ричард Баучер аз Узбакистон, Аҳмадҷон Одилов, яке аз шахсиятҳои маъруфи он кишвар, ки бори аввал дар замони шӯравӣ ва сипас дар солҳои 90 дар даврони президент Ислом Каримов дубора ба зиндон андохта шуд, озод шудааст.

Одилови 84-сола дар замони шӯравӣ раҳбари яке аз хоҷагиҳои муваффақи кишоварзӣ дар вилояти Андиҷон буд, вале баъдан ба сирқат муттаҳам шуд.

Хабарҳои расида аз Узбакистон ҳамчунин ҳокии раҳоии Ҳамидуллоҳ Мадумаров, фарзанди Аҳмадҷон Малдумаров, яке аз фаъолони шинохтаи ҳуқуқи башар мебошанд.

Ахиран ИА аз Тошканд даъват кард, 26 фаъоли зиндонии ҳуқуқи башар ва маҳбуси сиёсӣ, бо шумули Одилову Мадумаров ва Мӯътабар Тоҷибоеваро аз маҳбас раҳо кунад. Тоҷибоева 3 рӯз пеш аз зиндон озод шуд.

XS
SM
MD
LG