Пайвандҳои дастрасӣ

Охирин рӯзи набарди Обама ва Клинтон


Рӯзи сешанбе бо баргузории раъйгириҳои муқаддамотӣ дар аёлатҳои Дакотаи ҷанубӣ ва Монтана сабқати довталабони Ҳизби демократи Амрико ба мақоми номзад ба интихоботи раёсати он ҷумҳурӣ ба поён мерасад. Барак Обама то кунун раъйи мувофиқи 2073 вакили анҷумани ҳизбро ба даст овардааст ва барои касби орои аксарияти вакилон ӯро лозим аст, пуштибонии ҳамагӣ 45 вакили дигарро ба даст биорад.

Рақиби ӯ Ҳиллари Клинтон то ҳол ҳимояти 1915 вакилро дар даст дорад, вале аз идомаи мубориза даст кашиданӣ нест.

Номзади ниҳоии Ҳизби демократ, ки дар интихоботи моҳи ноябр бо номзади ҷумҳурихоҳон Ҷон МакКейн вориди рақобат хоҳад шуд, моҳи август дар анҷумани ҳизб интихоб мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG