Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳофизакорони Эрон ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд


Дируз нахустин ҳамоиши намояндагони даъвати ҳаштуми порлумони Эрон баргузор шуд. Аз замони инқилоби исломӣ дар соли 1979 ин ҳаштумин порумон ё Маҷлиси шӯрои исломии Эрон мебошад. Интихобот моҳи март баргузор шуд ва муҳофизакорон аксари курсиҳои дар порлумони нав ба даст оварданд. Ин муҳофизакорон ба ҷонибдорони Маҳмуди Аҳмадинажод-раиси ҷумҳур ва мухолифони вай тақсим шудаанд. Интизор меравад, ки мухолифони Аҳмадинажод Алии Лориҷонӣ-рақиби вайро раиси порлумони нав интихоб кунанд.
XS
SM
MD
LG