Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши нигарониҳо аз барномаҳои ҳастаии Эрон


Амрико гуфтааст, имтиноъи Эрон аз посух ба суолоти Бунгоҳи Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ дар бораи барномаҳои ҳастаиаш шубҳаро дар ин бора бештар мекунад, ки Теҳрон мехоҳад бами ҳастаӣ эҷод кунад. Ба гуфтаи Амрико, чунин равиш "бисёр тавишовар" аст. Фаронсаву Олмон низ ба зудӣ аз чунин рафтори Ирон изҳори нигаронӣ карданд. Ожнси мазкур дар гузориши рузи душанбеи худ гуфт, Эрон аз додани иттилоъ дар бораи таҳқиқоташ ҷиҳати иҷоди кулоҳакҳои ҳастаӣ худдорӣ кард ва ҳамчунон посух ба дархостҳои СММ-ро роҷеъ ба қатъи ғанисозии урониюм рад мекунад. Аммо намояндаи Эрон дар СММ мегӯяд, барномаҳои ҳастаии Эрон ҳадафҳои сулҳомез дорад.
XS
SM
MD
LG