Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои вазири умури дохилии Эрон


Рӯзномаи "Эрон"-и чопи Теҳрон имрӯз хабар дод, ки раиси ҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод вазири умури дохилии кишварро аз вазифааш барканор кардааст. Ба навиштаи рӯзнома, Меҳдии Ҳошимӣ дар ивази Мустафопур Муҳаммадӣ сарпарасти Вазорати корҳои дохилии Эрон таъин шудааст. Рӯзнома сабаб ва ангезаҳои истеъфои Муҳаммадиро шарҳ надодааст. Хабаргузории Франс Пресс менависад, ин нӯҳумин тағйир дар ҳукумати Аҳмадинажод дар се соли раёсатҷумҳурии ӯст.
XS
SM
MD
LG