Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабқати Клинтон ва Обама дар Вирҷинияи ғарбӣ


Имрӯз дар аёлати Вирҷинияи ғарбӣ раъйгирии муқаддамотии тарафдорони Ҳизби демократи Амрико ба хотири таъйини номзади ин ҳизб ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ доир мешавад. Бино ба назарсанҷиҳо, дар ин аёлат бо фарқи бузург Ҳилларӣ Клинтон баранда хоҳад шуд.

Аммо дар сабқати демократҳо рақиби ӯ Барак Обама ҳамчунон пешсаф боқӣ мемонад.

Раъйгириҳои муқаддамотии тарафдорони ҳизби демократ то 3 июн дар 5 аёлати дигари Амрико сурат хоҳанд гирифт. Анҷумани ҳизби демократ, ки ҳаққи интихоби номзади ниҳоиро дорад, дар моҳи август баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG