Пайвандҳои дастрасӣ

Фиристодаҳои Далай Лама ба Чин рафтанд


Фиристодаҳои раҳбари рӯҳонии Тибет Далай Лама, ки дар ғурбат ба сар мебарад, барои музокирот бо мақомоти Чин ба вилояти ҷанубии Шенҷени Чин сафар карданд.
Ин аввалин музокироти ду ҷониб аз замони таъқиби гирдиҳамоиҳои эътирозии моҳи март бар зидди ҳокимиятдории Чин дар Тибет аст. Таъқиби гирдиҳамоиҳо боиси баргузории эътирозҳои саросарӣ дар ҷараёни сайри машъали бозиҳои олимпии Пекин шуд. Баъзеҳо пешниҳод доштанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар моҳи август олимпиадаи Пекинро бойкот кунад. Дар гузашта Чин Далай Ламаро бо тарҳрезии хушунат ва мухолифат ба олимпиадаи Пекин муттаҳам мекард, вале Далай Лама ин айбномаро рад менамояд.
XS
SM
MD
LG