Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талошҳои беҳосили маҳви террористон


Як идораи муҳосиботии Амрико мегӯяд, террористон то кунун дар манотиқи сарҳадии Покистон озодона фаъолият мекунанд, ҳарчанд ҳукумати Амрико барои маҳви онҳо ва хатари терроризм то кунун ба Покистон бештар аз 10 миллиард доллар кӯмакҳои низомӣ ва иқтисодӣ кардааст.

Ба гуфтаи Идораи муҳосиботи Амрико, Иёлоти Муттаҳида барои маҳви хатари терроризм дар манотиқи марзӣ бо Афғонистон аз соли 2002 ба низомиёни Покистон такя кардааст, аммо ҳоло созмони террористии ал-Қоида дар манотиқи қабиланишини ин кишвар аз нав гурӯҳбандӣ мешавад. Идораи муҳосиботи ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки асосан ба ҳосили кор ва барномаҳои ҳукумат баҳо медиҳад, ҳамчунин мегӯяд, то кунун Кохи Сафед барномаи ҷомеъе ҷиҳати маҳви террористон ва паноҳгоҳҳои амни онҳо дар Покистон надорад.

Амрико манотиқи қабиланишини тобеъи ҳукумати Покистон, як минтақаи кӯҳистонӣ ва фақиру бенавои ҳаммарз бо Афғонистонро паноҳгоҳи аслии тарҳрезони ҳамлаҳои 11 сентябр медонад. Ин минтақа ба гуфтаи Идораи муҳосиботи Амрико то кунун саҳнаи тарҳрезиҳои ҳамлаҳо дар Афғонистон мондааст, ки дар он ҷо НАТО ва Амрико сарбозони худро талаф медиҳанд.

Дар идомаи гузориши тозаи ин идора гуфта мешавад, дар минтақаҳои қабиланишини наздимарзии Покистон ӯрдугоҳҳои тамрини террористоне ҷойгир аст, ки дар Ховари Миёна, Аврупо ва Африқо даст ба харобкорӣ мезананд. Идораи муҳосиботи Амрико аз ҳукумати ин кишвар хостааст, барои маҳви террористону паноҳгоҳҳои онҳо дар Покистон барномаи ҷомеъеро таҳия кунад, чун адами як чунин барнома аз иллатҳои даст наёфтани Амрико ба манофеъи амниятиаш дар Покистон будааст.

Хабаргузории Ассошиейтед Пресс мегӯяд, баъзе аз вазоратҳои Амрико, бо гуфтаҳои Идораи муҳосиботи Амрико мувофиқ ҳастанд, аммо вазорати умури хориҷа гуфтааст, ки барномаи ҷомеъ вуҷуд дорад ва он иҷро мешавад. Вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида низ хулосаҳои муаллифони гузоришро рад карда ва сухангӯи он Брайан Вайтмен гуфтааст, ки натиҷагирии онҳо доир ба адами барномаи ҷомеъ ҷиҳати маҳви хатарҳои террористон дар Покистон дуруст нест.

Аммо вакилони Ҳизби демократи Амрико хулосаҳои гузоришро як исботи сиёсати нокомшудаи зиддитеррористии ҳукумати Ҷорҷ Буш хондаанд. Ҳовард Берман, вакили Ҳизби демократ аз иёлати Калифорния гуфтааст, бисёр хатарнок аст, ки то кунун барномаи ҷомеъ дар робита ба маҳви хатароти минтақаҳои марзии Покистон вуҷуд надорад, чаро ки ин ба манофеъи амниятии Амрико осеб мерасонад.

Баъди ҳамлаҳои террористии маргбори 11 сентябри соли 2001 дар Амрико, ин кишвар барои мубориза бо терроризм ба Покистон 10 миллиарду 500 миллион доллар додааст, ки ба гуфтаи Идораи муҳосиботи Амрико, тақрибан 6 миллиард доллари он барои амалиётҳои Покистон дар манотиқи марзӣ сарф шудаанд. Дар гузориш ҳамчунин гуфта мешавад, ки фаротар аз ин талошҳо ҳукумати Амрико барномаи муштараки мураккаб аз фаъолиятҳои низомӣ, иттилоотӣ, дипломатӣ, рушд барои манотиқи марзии Покистонро тартиб надодааст.

Ҳарчанд, ба гуфтаи Идораи муҳосиботи Амрико, вазоратҳои дифоъ, умури хориҷа ва оҷонси байналмилалии рушди Иёлоти Муттаҳида барномаҳои хос ва баргузории нишастҳои муштаракро рӯи даст гирифта бошанд ҳам, вале барномаи мукаммале то ҳол надоранд.

XS
SM
MD
LG