Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти баландпояи бритониёӣ ибораи «терроризми исломи»-ро ба «фаъолияти зиддиисломӣ» иваз кардаанд.

Ҷекю Смит, вазири умури берунаи Бритониё гуфтааст, рафтору кирдори даҳшатафканон бар хилофи асосҳои динашон аст, на барои ислом.

Ба андешаи мақомоти бритониёӣ, пайванд додани терроризм ба ислом иғвоангезист ва ҷомеаи мусалмонии Бритониёро ба бегона шудан таҳрик медиҳад. Нашрияи бритониёии Дейли Телеграф нахустин суханронии вазири умури берунаи худро ба унвони мисол овардааст, ки дар он хонум Смит чанд бор аз вожаи «зиддиисломӣ» истифода бурдааст. Хонум Смит гуфтааст:

"Ҳамон гунае, ки мусалмонони Бритониё ва ҷаҳон изҳор медоранд, дар фаъолиятҳои террористӣ ягон унсури исломие вуҷуд надорад, ислом ба куштор даъват намекунад. Дар асл, ин гуна аъмолу кирдор зидди исломанд.»

Дар он суханронии худ вазири бритониёӣ ҳамчунин аз ҷалби мусалмонони кишвараш ба мубориза алайҳи «фаъолиятҳои зиддиисломӣ» ҳарф задааст. Суханҳои хонум Смит мунъакисгари стротежии нави ҳукумат будаанд, ки ҳадафи бад сохтани террористон ва мубаллиғони онҳоро дунбол дорад.

Стротежии нави ҳукумат ба он равона шудааст, то чеҳраи террористонро чун қотилони хунсарду сангдил тасвир бикунад, ки на барои ягон ҳадафи мазҳабӣ мубориза мебаранд.

Дар ҳамин ҳол, вакили порлумон Филип Дейвис гуфтааст, боре ҳам аз интихобкунандаҳои мусалмонаш дар мавриди истифодаи истилоҳи «терроризми исломӣ» шикояте нагирифтааст. Ӯ гуфтааст, «вақте терроризми исломӣ мегӯянд, ин маънои онро надорад, ки ҳамаи мусулмонҳо террористанд.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG