Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Cозмони Милали Муттаҳид соли равонро бо вуҷуди он ки ҳанӯз ба поён нарасидааст, хунинтарин соли Афғонистон аз замони амалиёти таҳти сарварии Амрико ва барканории Толибон дар соли 2001 номид.

Намояндагии Созмони Милал дар Кобул мегӯяд, дар нуҳ моҳи соли 2007 хушунату даргирӣ дар Афғонистон наздик ба 30 дарсад афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон як омори дигаре низ аз тарафи хабаргузории Ассошиейтед Пресс ба нашр расид, ки тибқи он шумораи кушташудагон дар ошӯбу таркишҳои Афғонистон дар нӯҳ моҳи аввали сол аз 5 000 нафар гузаштааст.
Акнун дар ин кишвар ҳар моҳ ба ҳисоби миёна 550 ҳодисаи хунин ба амал меояд, дар ҳоле ки ҳар моҳи соли гузашта ҳамагӣ 425 ҳодиса рӯй медод. Яъне акнун ҳар моҳ 125 ҳодиса бештар рӯй медиҳад. Аз чаҳор се ҳиссаи инфиҷорҳои худкушона, тибқи ин гузориш бар зидди нирӯҳои байнулмилалӣ равона шуда, ҳамзамон ҳалокати афроди ғайринизомӣ низ афзоиш ёфтааст.
Cозмони Милал мегӯяд, дар як саф бо ҳамлаҳои интиҳорӣ хушунатҳое зидди мактабиёну донишҷӯён, мақомоти давлат, мӯйсафедон ва муллоҳо ва нирӯҳои полис ба амал омадаанд. Ин ҳамлаҳо хеле ҳисобшуда буда, мақсад аз онҳо монеъ шудан ба бунёди ниҳодҳои қонунии ҳукумат аст.

Хабаргузории Ассошиейтед Пресс дар як пажӯҳиши ҷудогона хабар дод, ки шумораи кушташудагон дар нӯҳ моҳи аввал дар Афғонистон ба 5 086 нафар расид, дар ҳоле ки дар ҳамин давраи соли гузашта ин адад ҳамагӣ 4019 нафарро ташкил медод. Аз инҳо, ба гузориши Ассошиейтед Пресс 650 нафарашон афроди ғайринизомӣ мебошанд. Ба гуфтаи ин манбаъ имсол шумораи ҳамлаҳоит худкушона ба болотарин нуқта расид ва охирин ҳамла рӯзи сешанбе 13 кушта ба ҷой гузошт. Дар вокуниш ба он, кафили фармондеҳи кулли нирӯҳои кумаки амниятии НАТО ба Афғонистон, генерал-майор Гаррӣ Робисон гуфт, "аъмоли хушунатбор сабаби ҳалокати афроди бегуноҳ мешавад, аммо ин ҳамлаҳо моро аз мақсади бунёди як Афғонистони беҳтар бознахоҳад дошт. Ошӯбгарон пешниҳоде ба ҷуз аз хушунату марг надоранд."

Ҳам нирӯҳои эътилофӣ ва ҳам ҳукумати Афғонистон талош доранд, аз чунин ҳамлаҳо ҷилавгирӣ кунанд. Чунончи, ҳукумат рӯзи чаҳоршанбе чораҳои шадидеро эълон кард, ки қарор аст, бо корбасти онҳо аз вуруди террористон ба автобусҳо ҷилавгирӣ шавад. Аммо дар ҳамин рӯз буд, ки як ҳамлавар мошини бамгузоришударо дар Орузгон дар паҳлуи зиреҳпӯшҳои НАТО мунфаҷир кард ва толибҳо пойгоҳи сарбозони олмонӣ дар Файзободро ҳадафи мушакборон қарор доданд. Дар ҳодисаи дигари рӯзи чаҳоршанбе, дар Ғазнӣ панҷ сарбози ҳолландӣ захмӣ шуданд ва инҳо ҳама ҳодисаҳои як рӯз мебошанд.

Дар ҳоле ки аз як сӯ ин рӯйдодҳо эътимодро ба ояндаи мӯътадил ва амн коҳиш медиҳанд, аз сӯи дигар талафоти ҷонӣ баҳсҳоро дар кишварҳои НАТО роҷеъ ба идомаи вазифа дар Афғонистон нирӯ мебахшанд. Ин баҳсҳо дар Олмон идома доранд ва Ҳолланд низ мегӯяд, баъд аз поёни мандаташ дар тобистони соли оянда, масъулияти минтақаи онро дар ҷануби Афғонистон НАТО бар дӯш бигирад. Канада гуфтааст, аз мароми Созмони Милал дар Афғонистон пуштибонӣ мекунад, аммо хоҳони густариши нақши он аст.
XS
SM
MD
LG