Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

40 000 сол ҳабс барои муҷримони таркишҳо


Айбдоршавандагони таркишҳо дар Испаниё ҳини ҷаласаи судӣ, 31 октябри 2007

Айбдоршавандагони таркишҳо дар Испаниё ҳини ҷаласаи судӣ, 31 октябри 2007

Имрӯз додгустари испаниявӣ аз 28 нафари муттаҳам бо бомбгузории қатори роҳи оҳани шаҳри Мадрид дар моҳи марти соли 2004-ум 21 касро айбдор дониста ба муддати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум кард.

Бомбгузориҳои моҳи марти соли 2004-умро аврупоиҳо ба ҳамлаҳои моҳи сентябри соли 2001-ум болои шаҳрҳои амрикоӣ шабоҳат медиҳанд. Даҳ таркиши паи ҳам дар қатораҳои роҳи оҳани Мадрид бузургтарин ҳамлаи террористӣ дар қаламрави Аврупо мебошад. Силсилаи таркишҳо ҳаёти 191 нафарро аз байн бурда, наздик ба 2000 каси дигарро захмӣ намуд.

Рӯзи чоршанбе додгустар Ҳавиер Гомес Бермудес ҳукми ҳар яке аз 21 фарди муҷримро ироа намуд. Мӯҳлати ҳабси ҳар яке аз муттаҳамҳои асосӣ ба 40 ҳазор сол баробар аст. Вале бар пояи қонуни ҷиноии Испания мӯҳлати тӯлонитарине, ки як шахс метавонад дар зиндон сипарӣ намояд, 40 солро ташкил медиҳад. Ҷурми ҳафт муттаҳам ва дар байни онҳо Рабеъӣ Усмон Сайид Аҳмади Мисрӣ собит нашуд ва онҳо аз ҷавобгарӣ озод шуданд. Дар паи эълони ҳукм сарвазири Испания Хосе Луис Родригес Запатеро изҳор намуд, ки адолат барқарор шуд.

11 марти соли 2004-ум аз рӯзҳои дигар ҳеҷ фарқе надошт. Дар истгоҳи Аточаи маркази шаҳри Мадрид қатораҳои саршор аз мусофирон рафтуомад мекарданд. Вале ба ногоҳ даҳ таркиши паи ҳами маводи таркандаи пинҳон дар дохили халтаҳо ба вуқӯъ пайваста, ҳазорҳо меху оҳанпораро ба сӯи мардум ҳавола намуд. Дар ибтидо ҳукумати муҳофизакори Испания гурӯҳи ҷудоихоҳони баскро масъули ҳамла номид. Аммо ба зудӣ маълум шуд, ки тарҳрезиву татбиқи бомбгузорӣ амали гурӯҳи ифротгарои исломист, ки аз созмони террористии ал-Қоида илҳом мегирифт.

Чанд рӯз пас аз таркишҳо ҳукумати сарвазири Хосе Мария Азнар, муттафиқи Вашингтон дар ҷанг бо терроризм, дар интихоботи парламентӣ мағлуб шуд. Сарбозони испаниявӣ аз Ироқ берун баромаданд ва то ҳанӯз дар ҷомеаи ин кишвар баҳс дар масъалаи саҳми аҳолии мусулмон дар сарнавишти Испания ва табодули назар пиромуни сиёсати хориҷии Мадрид идома дорад.

XS
SM
MD
LG