Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии истирдоди Окруашвилӣ


Додгоҳи Фаронса имрӯз ҳукми худро дар мавриди истирдоди собиқ вазири дифоъи Гурҷистон, Ираклий Окруашвилӣ ба ватанаш эълом медорад. Вай бо иттиҳоми рекет аз тарафи додгоҳи Гурҷистон ба 11 соли ҳабс маҳкум шудааст. Окруашвилӣ дар моҳи сентябри соли гузашта замоне боздошт шуд, ки президенти Гурҷистон, Михел Саакашвилиро дар фасод айбдор кард. Ҳабси ӯ сабаби этирозҳои ом дар Тифлис шуд. Дертар, баъд аз озодии шартӣ, Окруашвилӣ ба Олмон ва аз он ҷо ба Фаронса ҳиҷрат кард.
XS
SM
MD
LG