Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Президент Аҳмадинажод дастури ҳимояти Ибодиро дод


Бино ба иттилоъи ИРНО-хабаргузории расмии Ирон, имруз Маҳмуди Аҳмадинажод-раиси ҷумҳури Ирон ба пулис дастур додааст, ки барои ҳимояти Ширин Ибодӣ-ҳуқуқдон ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел тадобири амниятӣ руи даст бигиранд. Ширин Ибодӣ рузи сешанбе дар эъломияе гуфт, ки вай ёддоште гирифтааст ва дар он чунин навишта шудааст: "Забонатро дар даҳонат нигоҳ дор" ё "Мувозиби забонат бош" ва "Марги ту наздик аст". Ба гуфтаи хонум Ибодӣ, ахиран таҳдидҳо бар зидди вай ва хонаводааш бештар шудааст.
XS
SM
MD
LG