Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин дар руйхати сиёҳ дар ҷои аввал аст


Амнести Интернешенал ё Авфи Байналмиллал дар гузориши солонаи худ гуфтааст, Чин соли гузашта 470 нафарро эъдом кардааст, ки он бештар аз ҳар кишвари дигар будааст. Аммо дар гузориш омадааст, арқоми воқеъӣ, ки ҳукумати Чин онро пинҳон медорад, мумкин аст ба ҳазорон нафар бирасад. Амнести Интернешенал мегуяд, Чину Ирон, Арабистони Саъудиву Покистон ва Амрико барои 88 дарсади эъдомҳои маълуми соли гузашта масъул мебошанд. Дар гузориш омадааст, Ирон бештар аз 370 нафарро эъдом кардааст, ки нисбат ба як соли пеш ду баробар бештар аст. Дар Амрико 42 нафар эъдом шудаанд
XS
SM
MD
LG