Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи ҳастаии ҷумҳурии Қазоқистон?


Муддате пеш қаторе, ки аз самти ҷумҳурии Қирғизистон ба Эрон ҳаракат мекард, аз ҷониби Ӯзбакистон бозпас гардонида шуд.

Transition Online

Тошканд гуфт, ки қатори марбут ба Қирғизистон дорои маводи радиоактив буда, зимни ҳаракаташ аз ҷануби Қазоқистон боре ҳам мавриди тафтиш қарор нагирифтааст. Ҳарчанд мақомоти Қирғизистон дар ин бора ҳарфи зиёд нагуфтанд, аммо ин ҳодиса бори дигар пардаро аз рӯи масъалаи қочоқи маводи ҳастаӣ дар минтақа ва ҷоҳталабиҳои Қазоқистон барои касби мавқеи аввал дар бозори ҷаҳонӣ барои содироти ураниум бардошт.

Сомонаи интернетии Transition Online мегӯяд, аз рӯи арзёбиҳои Оҷонсии байналмилалии энержии ҳастаӣ Қазоқистон дар миёни чаҳор давлати асосии қочоқкунандаҳои ураниум ҳисоб мешавад, ва ин мавод имкон дорад дар тавлиди бомбаҳои касиф истифода шавад. Муаллифи ин матлаб мегӯяд, захираҳои ураниуми Қазоқистон чунон зиёд аст, ки бо захираҳои нафти 70 соли пеши Арабистони Саъудӣ қобили муқоиса буда метавонад. Ва бинобар ин, аз нигоҳи мунаққидон, бо назардошти ҷоҳталабиҳои ҳастаии Қазоқистон, метавонад ба вазъи амниятии минтақа ва ҷаҳон таъсиргузор бошад.

Имрӯз ҳам Қазоқистон аз тавлидкунандаҳои аввали ураниум дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, аммо то соли 2010, тибқи пешгӯиҳо, имкон дорад дар ин бозор мавқеи аслиро касб кунад. Пеш аз ҳама бо ин ки аз як кишвари фурӯшандаи ураниуми хом, ба содиркунандаи сӯхти атомӣ табдил мешавад.

Тибқи арзёбиҳои мутахассисон, баъди Австралия Қазоқистон дуюмин давлати дорои захираҳои ураниум мебошад. Соли гузашта ин кишвар 6600 тонна ураниуми хомро тавлид карда, имсол ният дорад, 9600 тонна истеҳсол кунад. Ва ҳамин тавр, то соли 2010 тавлиди ин маводро мехоҳад ба андозаи 15000 тонна расонад. Чунин нишондодҳо Қазоқистонро дар миёни кишварҳои бонуфузтарини ҷаҳон қарор хоҳад дод, мегӯянд боумед мақомоти риштаи энержии ин кишвар. Дар айни замон, Қазоқистон ироакунандаи маводи хоми сӯхти атомӣ ба Русия буда, инчунин ахиран ингуна созишномаҳоро бо Чину Ҷопон ҳам ба имзо расонидааст. Умедвории ширкати "Казатомпром" ин аст, ки то соли 2030 даромади ин кишвар аз фурӯши сӯхти ҳастаӣ дар ҷаҳон солона 15 миллиард долларро ташкил хоҳад дод.

Дар айни замон, Қазоқистон умедвор аст, ки ба хотири дастёбӣ ба истиқлолияти энержӣ, барномаи ҳастаии худро роҳандозӣ кунад. Аз ҳоло ишораҳо мешавад, ки барои фаъолияти ин барнома реакторҳои насли нав бунёд мешавад ва дар онҳо сӯхти ҳастаии коркардшуда ба хотири коҳиши миқдори партобҳои ҳастаӣ истифода хоҳад шуд.

Аммо дар айни замон, ба назари баъзеҳо, чунин ҷоҳталабиҳои ҳастаии Қазоқистон агар ҳам ба коҳиши таниши энержӣ дар ҷаҳон мусоидат кунад, аз сӯи дигар метавонад дардисарҳоеро дар минтақаи ҳамсоя бо Афғонистону Покистон эҷод кунад, менависад Transition Online.

Тобистони соли гузашта гурӯҳҳои ҳомии муҳити зист, мисли Greenpeace, аз қарордоди мавсум ба Westinghous миёни Амрикову Қазоқистон изҳори ташвиш карда гуфтанд, ки аз он метавонанд гурӯҳҳои террористӣ барои тавлиди бомбаҳои касиф истифода кунанд. Ин қарордод соли 2007 бо ширкати аслии тавлидкунандаи реакторҳои ҳастаии Амрико ба имзо расида, ба Қазоқистон имконияти тавлиди таҷҳизоти сӯхти ҳастаиро фароҳам меорад.

Аммо Мухтор Ҷақишев, раҳбари ширкати "Казатомпром" ин гуна иттиҳомотро рад карда гуфтааст, ки тавлиди таҷҳизоти сӯхти ҳастаӣ бо истеҳсоли силоҳи атомӣ ҳеҷ умумият надорад.

Як таҳлилгари пажӯҳишгоҳи амрикоии равобити байналмилалӣ Ренсселаер Ли бо ин андеша розӣ аст, ва мегӯяд, ки Қазоқистон чун як давлати мӯътадил ҳеҷ хатаре аз лиҳози фанновариҳои ҳастаӣ надорад. Вай афзуд, ки дар миёни солҳои 1992 то 1999 дар қаламарави шӯравии собиқ 16 ҳодисаи қайдшудаи қочоқи маводи радиоактив мушоҳида шудааст, дар ҳоле, ки аз соли 2000 то имрӯз танҳо дуто чунин ҳодиса ба қайд гирифта шудааст.

Аммо ҳодисаи ошкоршавии қатори дорои маводи радиоактиви қочоқии Қирғизистон, ба андешаи таҳлилгарон, мояи ташвиши ҷиддӣ буда метавонад. Дар гузориши соли 2007-и Маркази Ҷеймс Мартини Калифорния, ки барномаҳои ҳастаии кишварҳои оламро мавриди омӯзиш қарор медиҳад, гуфта шудааст, ки бо вуҷуди ин ки Қазоқистон дар миёни дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ аз пешрафтатарин кишварҳое мебошад, ки маводи содиротиаш ҳамаҷониба мавриди назорат қарор мегирад, ҳанӯз ҳам бахшҳои зиёде дар низоми кори ин кишвар беҳбуд мехоҳад.

Ҳарчанд мақомоти зирабти Қазоқистон мегӯянд, ки имкони тавлиди бомбаҳои касиф бо маводи қочоқии радиоактив ғайриимкон аст, бо ин сабаб ки мизони ташашӯъи он аз сатҳи зарурӣ ба маротиб камтар аст, аммо бо барномаҳои Қазоқистон барои бунёди реакторҳои насли нав чунин имконият фароҳам хоҳад шуд, мегӯянд мунаққидон. Коршиноси ҳастаӣ Энтони Флогатт аз як маркази таҳқиқотии Лондон мегӯяд, ки барномаи мазкур қадами ҷиддиест дар роҳи тавсеаи аслиҳаи ҳастаӣ, ба ин хотир ки аз сӯхти плутониум тавлид кардани бомба кори хеле содда мебошад. Масъалаи дигари хатарзо ин боло будани мизони ришват дар Қазоқистон аст, ки метавонад ба беназорат мондани паҳлӯҳои амниятии барномаи ҳастаии кишвар сабаб шавад.

XS
SM
MD
LG