Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тсезийи қочоқӣ аз Тоҷикистон аст?


Раҳбарияти Ожонси оид ба амнияти ҳастаии Тоҷикистон дар устони Суғд бар ин аст, ки корхонаи «Востокредмет» ва коршиносону таҳлилгарон пасмондаҳои моддаҳои радиоактивӣ дар минтақаи шимолии Тоҷикистонро таҳти назорат қарор доранд ва ахиран ҳеҷ гуна интиқоли ғайриқонунии ин моддаҳо ба хориҷ аз кишвар сурат нагирифтааст.

Вале дар ҳамин ҳол аз тарафи онҳо эҳтимоли ба тариқи қочоқ аз қаламрави Тоҷикистон берун рафтани як миқдори моддаҳои радиоатсионӣ ва ё ташаъшуъиро рад намешавад.
Шавкат Бобоҷонов, сарвари корхонаи «Востокредмет» дар шаҳри Чкалов, ки 10 партовгоҳи радиатсионии Суғд ба ин корхона тааллуқ дорад, дар расидагӣ ба ин савол, ки вагони дорои маводди радиатсионии дар қатори борбарии Қирғизистон дар марзи Узбакистон кашфшуда ба Тоҷикистон тааллуқ дорад, то куҷо дуруст аст, гуфт : «Дар корхонаи мо дар айни ҳол маводди радиоактивии Сезий-127 нест. Дигар, мо оҳанпораҳои дорои маводди радиоактивӣ нафурӯхта истодаем. Баръакс, барои истеҳсолоти корхонаи мо ҳам ин гуна моддаҳо даркор аст. Оҳанпораҳои радиоактивие, ки дар корхонаи мо ҷамъ омадааст, таҳти назорат нигаҳдорӣ карда мешавад».
Узбакистон низ дар навбати худ убуру мурури нақлиёти дорои маводди радиоактивии Тоҷикистонро аз тариқи қаламраваш манъ кардааст. Ва ин амал дар ҳолатҳои истисноӣ бо иҷозаи давлатҳо ва танҳо бо дар ҷараён гузоштани Ожонси байнулмилалии назорат аз энержии ҳастаӣ - МАГАТЕ сурат мегирад.
Ёдовар мешавам, ахиран давлати Қирғизистон эълон дошт, ки вагони дорои маводи радиоактиви Сезиум-137, ки дар қатори борбари ба Эрон ҳаракаткунандаи корхонаи мавсум ба «Темир»-и ин кишвар дар марзи Узбакистон ошкор гашт, ба Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Ба назари Ҳотам Муртазоев, коршиноси умури амнияти радиоатсионии Суғд, эҳтимол дорад дар вагон Сезий-137 дар шакли хока ва ё моеъ кашф шуда бошад. Ӯ афзуд, ингуна партовҳои дорои моддаҳои радиоактивӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигари минтақаи Осиёи Марказӣ ҳам гӯронида шудааст, аз ин рӯ сароҳатан наметавон гуфт, ки маводди кашфшуда маҳз аз Тоҷикистон берун рафтааст. Ба гуфтаи вай, гузаргоҳҳои гумрукии Суғд асбобҳои муайянкунии миқдори радиатсияи моддаҳоро доранд ва аз интиқоли чунин моддаҳо шадидан назорат мебаранд.
Музаффар Юнусов, муовини раиси корхонаи «Востокредмет», дар суҳбат бо Радиои Озодӣ эҳтимоли дар рӯзҳои мо аз Тоҷикистон ба Қирғизистон интиқол ёфтани вагони дорои маводди радиоактивиро бо убури роҳи оҳани Узбакистон ва Қазоқистон ғайримумкин хонд.
Ӯ эҳтимоли дар солҳои пеш дар қатори оҳанпораҳои дигар аз Тоҷикистон берун бурдани маводди радиоактивии Сезий-137 бинобар беназоратии марзҳоро рад накард.
Дар ҳамин ҳол ӯ таъйид намуд, ки солҳои ахир ҳодисаҳои интиқоли маводди радиоактивӣ дар дохили қаламрави Тоҷикистон чанд маротиба ба қайд гирифта шудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки корхонаи «Востокредмет» дар тӯли фаъолияти беш аз нимасрааш дар заминаи истеҳсоли уран то ибтидои асри 21-ум 10 партовгоҳи радиатсионӣ дар масоҳати беш аз 170 гектар бо зиёда аз 50 миллион тон пасмондаи моддаҳои радиоактивӣ мерос гузоштааст. Дар ҳоли кунунӣ яке аз ин партовгоҳҳо пурра гӯронида, яке дигар фаъол ва боқӣ дар ҳолати рупӯш мебошад.
Аммо ба ақидаи Музаффар Юнусов, муовини раиси корхонаи «Востокредмет», бо ин вуҷуд наметавон гуфт, ки дар рӯзҳои мо амалан интиқол додани маводи радиоактив бо роҳҳои қочоқӣ дар қаламравҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ комилан имкон надорад. Аз ин рӯ, мегӯяд вай, амнияти радиатсионӣ, назорат ва нигаҳбонии чунин партовгоҳҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз масоили доғи дараҷаи аввал маҳсуб меёбад.
XS
SM
MD
LG