Пайвандҳои дастрасӣ

Хатар дар Табошар


Музаффар Юнусов, муовини сарвари корхонаи «Востокредмет», яъне, «Фулузоти нодири Шарқ» дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, инчунин барнома дар муддати ду соли ахир дар ҳамдастӣ бо МАГАТЕ пиёда карда мешуд. Оқои Юнусов дар мавриди зарурати тамдиди он афзуд: «Бояд қайд кард, ки ҳама партовгоҳи радиатсионии Суғд дар минтақаи заминҷумбии нуҳдараҷаӣ ҷойгир аст. Дар ҳолати заминҷунбии шадид мумкин аст сарбанди партовгоҳҳо канда шуда, моддаҳои радиатсионӣ фазову хоки минтақаро олуда гардонад. Инчунин, борону селҳои сахт ҳам чунин хавфро дар пай оварда метавонанд. Дар солҳои ахир селҳои шадид ду маротиба партовгоҳҳои Адрасмон ва Табошарро каме шуста буд.»

Оқои Юнусов афзуд, дар ҳоли ҳозир ин барномаҳоро аз ҷониби масъулини корхонаи «Востокредмет» барои расидагӣ ба МАГАТЕ пешниҳод карда шудааст. Ба гуфтаи вай, корхонаи «Востокредмет», дар тӯли фаъолияти беш аз нимасра дар заминаи истеҳсоли уран, то ибтидои асри бисту як даҳ партовгоҳи радиатсионӣ бо зиёда аз 50 миллион тон пасмондаи моддаҳои радиоактивӣ, дар масоҳати беш аз 170 гектар ба мерос гузоштааст. Дар ҳоли кунунӣ яке аз ин партовгоҳҳо пурра гӯронида, яке дигар фаъол ва боқӣ дар ҳолати рупӯш мебошад.

Ба гуфтаи табибон, азбаски гӯристонҳои радиатсионии Суғд наздик ба ҷойҳои маскунии одамон ва захоири обӣ воқеъ шуда, мизони нурафкании радиатсионӣ дар мавзеъҳои наздик ба партовгоҳҳо аз 300 - 400 то ба 1500 микрорентген дар як соат баробар аст, ба сиҳати одамон хатар эҷод мекунанд. Янушой Маматқулова, як табиб дар шаҳраки Табошар, ки дар тайи беш аз 10 сол вазифаи сардухтури беморхонаи ин маҳаллро бар дӯш доштааст, дар ин бора мегӯяд: «Дар давоми солҳои ахир густариши бемориҳои саратон ва хун дар шаҳри Табошар зиёд ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, кӯдакон аз батни модар ноқис ва ё пеш аз мӯҳлат таваллуд мешаванд. Ҳамасола дар Табошар 220 - 230 кӯдак ба дунё меояд, ки 3 - 4 нафари онҳо нуқсҳои модарзодӣ доранд.»

Ҳотам Муртазоев, таҳлилгари масоили моддаҳои радиоактив мегӯяд, ҳодсаҳое ҳам ҷой доштанд, ки сокинони маҳаллӣ аз партовгоҳҳои беназорати Суғд ба хотири фурӯш фулузот ва ашъёи дорои радиоактивро берун оварда, саломатии худро комилан аз даст додаанд.

Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон дар як ҷо гӯронидани ҳама пасмондаҳои радиоактиви Тоҷикистонро ба хотири безараргардонӣ ва таҳти назорат доштани онҳо муҳим мешуморанд. Аммо Музаффар Юнусов - муовини сарвари корхонаи «Востокредмет» ин корро дар ҳоли ҳозир номумкин меҳисобад, зеро : «Партовгоҳҳои ҷойгир дар вилояти Суғд партовест, ки дар натиҷаи коркарди уран ҳосил шудааст. Аммо партовгоҳи Файзобод қабристони радиатсионӣ буда, дар он ҷо дигар намудҳои моддаҳои нурафкан гӯронида шудааст. Ба ин сабаб имкони як ҷо кардани ин партовгоҳҳо вуҷуд надорад.»

Аз нигоҳи мутахассини корхонаи «Востокредмет» усули беҳтари безараргардонии партовгоҳҳои мавҷудаи Суғд гӯронидан мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ ва таҳти назорати сахт гирифтани онҳо мебошад. Аммо ба гуфтаи онҳо, танҳо барои барномарезии аввалияи безараргардонии партовгоҳҳо маблағи баробар ба 600 ҳазор доллар ва барои безараргардонии қабристонҳои радиатсионӣ маблағҳои хеле зиёд, баробари миллионҳо доллари ИМ, зарур аст. Ва ин дар ҳолест, ки ба ин хотир аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон тайи солҳои ахир танҳо тақрибан 100 ҳазор сомонӣ ба «Востокредмет» маблағгузорӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG