Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Бритониё аз ураниуми Тоҷикистон


Бритониё ҷиҳати таъмини бехатарии иншооти дорои маводи ҳастаӣ ва радиоактивӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ахиран наздики 4 миллион доллари амрикоӣ ихтисос додааст. Дар баёнияи сафорати Бритониё дар Маскав дар ин бора гуфта мешавад, ки ин маблағ тавассути Оҷонси байналмилалии назорат бар нирӯи ҳастаӣ (МАГАТЕ) ба чаҳор кишвари собиқ Шӯравӣ: Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон ва Арманистон ироа хоҳад шуд.

Тоҷикистон бо он ки дорои корхонаҳои бузурги тавлиди уран мебошад, аз соли 2004-и милодӣ ба узвияти МАГАТЕ пайвастааст. Бузургтарини чунин корхонаҳо мавсум ба «Востокредмет» дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд, даҳ километрии Хуҷанд воқеъ шудааст. Музаффар Юнусов, муовини сарвари ин корхона мегӯяд, дар ҳоли кунунӣ дар Тоҷикистон ҳама гуна фаъолият дар заминаи истеҳсоли уран қатъ шудааст, кори «Востокредмет» дар ин замина дар остонаи асри бисту як пурра хотима ёфта буд, аммо партовгоҳҳои радиатсионии Тоҷикистон, чун иншооти хатарангез ба амнияти экологии минтақаи Осиёи Марказӣ, то кунун аз таваҷҷӯҳи хоси байналмилалӣ бархӯрдор аст. Ҷаноби Юсуфов мегӯяд, дар даҳ партовгоҳи радиатсионии Суғд тақрибан 55 миллион тонн элементҳои радиоактивӣ, аз ҷумла уран, бо миқдори кам ва нокофӣ барои истеҳсолот вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи оқои Юнусов, ҳамчунин дар қисмати ҷанубу шарқи Тоҷикистон, дар Файзобод пасмондаҳои моддаҳои радиоактивӣ гӯронида шудааст.

Леонид Павлюк, аз масъулини корхонаи «Востокредмет» дар робита ба мавзӯъ меафзояд, бар асари вуқӯъи офоти табиӣ, ба мисли заминларза ва боришоти шадид шусташавӣ ба партовгоҳҳои бози радиатсионии Суғд, бахусус дар мавзеъҳои Адрасмон ва Табошар таҳдид мекунад. Ӯ афзуд, ин партовгоҳҳои радиатсионӣ беназорат монда, сокинон аз он маводхои марговарро берун меоваранд ва он маводро ба фурӯш мегузоранд.

Дар ин маврид, оқои Юнусов меафзояд, дар ҳоле ки Тоҷикистон барномаи фаъолсозии корхонаҳои тавлиди урани худро рӯи даст надорад, таваҷҷӯҳи аслӣ бояд сари безарарсозии партовгоҳҳои радиатсионӣ бошад, ки бо маблағҳои ҳангуфт ба даст меояд. Ӯ мисол меорад, ки ҳукумати Олмон барои безарар гардонидани ду корхонаи истеҳсоли урани худ 7,5 миллиард евро маблағ ҷудо кардааст. Ҷаноби Юсуфов мегӯяд, ҳанӯз ҳисоб нашудааст, ки барои безарарсозии партовгоҳҳои радиатсионии Тоҷикистон бо сарфи чӣ қадар маблағ ба даст меояд, аммо дақиқ аст, ки барои ин кор миллионҳо доллар зарур аст.

Оҷонси байналмилалии назорат бар нирӯи ҳастаӣ ҳанӯз тасмими худро барои тақсим ва корбурди чаҳор миллион доллар эҳдои Бритониё ба хотири таъмини амнияти корхонаҳои ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ эълон надоштааст, аммо ба бовари коршиносони тоҷик, сарфи ин маблағ умдатан барои безарарсозии партовгоҳҳои радиатсионии минтақа, мероси зиёновари Шӯравӣ пешбинӣ хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи Музаффар Юнусов, муовини сарвари корхонаи «Востокредмет» дар шаҳри Чкалови шимоли Тоҷикистон, мутахассисини тоҷик як барномаи ҳамҷоя бо Оҷонси назорат бар нирӯи ҳастаӣ, МАГАТЕ - ро дар мавриди бозомӯзии дақиқи вазъи ду партовгоҳи радиатсионии боз, дар мавзеъҳои Деҳмой ва Табошари Суғд рӯи даст дорад.
XS
SM
MD
LG