Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёрии Аврупо ба паноҳандагони чечен


Кумисюни Аврупо барои кӯмак ба гурезаҳои ҷанги Чеченистон 11 миллион евро тахсис дод. Қарор аст, ҳамаи ин сармоя барои таъмини сарпаноҳ, беҳдошт ва ҳимояи ҳуқуқии фирориёни чечен сарф шавад. Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, вазъи аҳолии Чечнистон баъд аз ду ҷанг барои истиқлолият дар миёни солҳои 1994 ва 2000 сангин боқӣ мемонад. Кумисюни мазкур сар аз соли 1999 барои кумак ба чеченҳо 220 миллион евро фиристодааст. Кӯмаки нав дар ҳоле таъин мешавад, ки шаҳри Грознӣ, пойтахти Чеченистон беҳтарин шаҳри Ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG