Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё бидуни дастаи Тоҷикистон


Кумитаи шикояти Конфедеросиюни футболи Осиё тасмими кумитаи интизомии AFC-ро дар бораи маҳрум кардани дастаи мунтахаби футболи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон аз ҳаққи ширкат дар даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2008 бетағйир гузошт.

Ёдовар мешавем, бар асоси намунагирии санҷишҳои махсуси тиббӣ моҳи октябри соли гузашта ҳангоми сабқати интихобӣ дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб, ки беш аз 16 сол доштани футболбози тоҷик Амирбек Саидовро собит кардааст, AFC чунин тасмим гирифта буд.

Ба иттилоъи Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федеросиюни футболи Тоҷикистон, мақомоти Федеросиюни футболи кишвар моҳи феврали соли равон аз болои ин тасмим ба Конфедеросиюни футболи Осиё шикоят бурдааст.

Вале санҷиши такрории махсуси тиббӣ ахиран дар қароргоҳи AFC бори дигар собит сохт, ки синну соли Амирбек Саидов аз 16 болост.

Натиҷаи бозиҳои наврасони Тоҷикистон дар Иморот:
Тоҷикистон 1- 1 Туркманистон
Тоҷикистон 4 -0 Фаластин
Тоҷикистон 1-2 Узбакистон
Тоҷикистон 3-2 Иморот
Тоҷикистон 3-1 Бангладеш

Бад-ин тартиб, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё байни то 16-солаҳо, ки аз 4-ум то 19-уми октябри соли 2008 дар шаҳри Тошканди Узбакистон баргузор мешавад, ширкат намеварзад. Ба ҷои дастаи Тоҷикистон тими наврасони Имороти Муттаҳидаи Араб дар гурӯҳи «D» бо тимҳои Жопун, Яман ва Малайзиё рақобат хоҳад кард.

Инчунин бар асоси қуръакашӣ, ки ахиран дар шаҳри Тошканд доир гардид, ба гурӯҳи «А» Эрон, Сингапур, Узбакистон ва Баҳрайн, ба гурӯҳи «В» Сурия, Куриёи Ҷанубӣ, Ҳиндустон ва Индонезиё, ба гурӯҳи «С» Чин, Арабистони Саъудӣ, Австралиё ва Туркманистон шомил шуданд.

XS
SM
MD
LG