Пайвандҳои дастрасӣ

Футболбозони наврас - дар даври ниҳоии Ҷоми Осиё


Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон қабл аз бозӣ бо Бангладеш дар шаҳри Абу-Даби. Аксҳо аз сомонаи Федератсияи футболи Имороти Муттаҳидаи Араб

Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон қабл аз бозӣ бо Бангладеш дар шаҳри Абу-Даби. Аксҳо аз сомонаи Федератсияи футболи Имороти Муттаҳидаи Араб

Тими футболи наврасони Тоҷикистон дар пайравӣ ба тими аслӣ дар бозӣ бо ҳамсолони бангладешии худ пирӯз омад ва ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт.

Футболбозони наврас, ки дар сабқати интихобии Ҷоми Осиё миёни бозигарони зери 16 сол дар Имороти Муттаҳидаи Араб иштирок карданд, дар бозии охирини гурӯҳии худ дар шаҳри Абу-Дабӣ Бангладешро бо ҳисоби 3-1 шикаст доданд.

Ҳисобро дар дақиқаи 12 Амирбек Саидов боз кардааст. Баъдан, Шодибек Ғафуров дар дақиқаҳои 81 ва 88 ду тӯби дигар вориди дарвозаи ҳамсолони бангладешии худ мекунад.

Бангладешиҳо танҳо дар дақоиқи иловашуда ба задани як тӯби ба истилоҳ «тасаллӣ» муваффақ шудаанд.

Ба ҳамин тариқ, наврасони Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Тоҳирҷон Мӯъминов дар гурӯҳи худ, гурӯҳи “D” пас аз Узбакистон ҷои дуввумро гирифта ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё миёни бозигарони зери 16-сола роҳхат гирифтанд.

Айни ҳол, мизбони сабқати ниҳоии ин бозиҳо таъин нашудааст.

Дар ҳоли ҳозир, тимҳои зер ба ин бозиҳо роҳхат гирифтаанд: Ирон ва Баҳрайн аз гурӯҳи “B”, Узбакистон ва Тоҷикистон аз гурӯҳи “D”, Чин ва Сингапур аз гурӯҳи “E”, Кореяи Шимолӣ ва Австралия аз гурӯҳи “G” ва Кореяи Ҷанубӣ аз гурӯҳи “H”.

Бозиҳо дар гурӯҳҳои “A”, “C”, ва “F” идома доранд.

Дарвозабони Бангладеш дар ин бозӣ се гол сар дод
Расул Файзов (рақами 14) ба сӯи пеш ҳаракат дорад
Диловар Салоҳиддинзода (рақами 11) тӯбро бо сар мезанад

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG