Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии футболбозони навраси тоҷик


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар дувумин бозии мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 16-сола дар Амороти муттаҳидаи арабӣ (АМА) бо ҳисоби 4:0 бар тими Фаластин пирӯз шуд.

Дар ин мусобиқот 45 дастаи мунтахаб дар 8 гурӯҳ мекунанд. Сабқати гурӯҳи «D» бо иштироки дастаҳои Тоҷикистон, Бангладеш, Узбакистон, Фаластин, Туркманистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Дубайи АМА сурат мегирад.

Ба иттилоъи Мирзо Маҳмадҷонов, муовини раиси Федеросюни футболи Тоҷикистон, дар ду бозии дигар дар ин гурӯҳ Узбакистон бар Туркманистон бо ҳисоби 4:1 ва АМА бар Бангладеш бо натиҷаи 9:1 ғолиб омаданд.

Бад-ин тартиб се даста – АМА, Тоҷикистон ва Узбакистон – бо 4-имтиёзӣ дар садри ҷадвали гурӯҳ қарор гирифтаанд. Дар даври севвуми мусобиқот шоми душанбеи 22-юми октябр дастаҳои Тоҷикистон бо Узбакистон, Фаластин бо АМА, Туркманистон бо Бангладеш рақобат мекунанд.

«Регар» ТадАЗ бо 42 имтиёз пешсаф аст

Дар ҳоле ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои роҳ ёфтан ба давраи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё талош дорад, дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон барои дарёфти унвони қаҳрамони футболи кишвар мубориза мебаранд.

«Регар» ТадАЗ дар шаҳри Душанбе бар «Гвардия» бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. «Парвоз» низ дар сафар ба дарвозаи «Саройкамар»-и Панҷ ду тӯби беҷавоб зада, соҳиби 3 хол гардид. «ХИМА»-и Душанбе дар майдони худ бозиро бо «Динамо» мусовӣ (2:2) анҷом дод. CSKA «Помир» (Душанбе) дар майдони худ бар дастаи «Хуҷанд» бо натиҷаи 4:1 дастболо шуд.

Баъди ин давр муддаъии аслии унвони қаҳрамонӣ «Регар» ТадАЗ (Турсунзода) бо 42 имтиёз мавқеъашро дар садри ҷадвали мусобиқот боз ҳам устувортар кард. «Парвоз» (н. Б. Ғафуров) бо 39 имтиёз дар радифи дуввум қарор дорад. Дастаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа «Тоҷиктелеком» ва «Вахш» бо 30-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои севуму чаҳорум қарор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG