Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон 1-1 Туркманистон


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон нахустин бозии мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиёро байни футболбозони зери 16-сола бо тими Туркманистон бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 анҷом дод.

Ин мусобиқот бо ширкати 45 даста дар 8 гурӯҳ сурат гирифтааст.

Сабқати гурӯҳи «D» бо иштироки дастаҳои Тоҷикистон, Бангладеш, Узбакистон, Фаластин, Туркманистон ва тими мизбон - Имороти Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Дубай баргузор шудааст.

Бозии дигари ин гурӯҳ низ миёни дастаҳои Иморот ва Узбакистон бо натиҷаи мусовӣ - 2 бар 2 хотима ёфт.

Дар даври дуввуми мусобиқот рӯзи шанбеи 20-уми октябр дастаи Тоҷикистон бо тими Фаластин, Бангладеш бо Иморот ва Узбакистон бо Туркманистон рақобат мекунанд.

XS
SM
MD
LG