Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш вуруди Украина ба Наторо дастгирӣ мекунад


Президенти ИМА Ҷорҷ Буш кӯшиши узвияти Украина дар паймони Наторо дастгирӣ мекунад. Ин суханонро раисҷумҳури ИМА рӯзи сешанбе дар шаҳри Киев баъди мулоқот бо президенти Украина Виктор Юшенко иброз дошт. Ӯ гуфт:
"Мо аз Украинаву Гурҷистон пуштибонӣ мекунем. Кумак ба узвияти Украина дар Нато ба нафъи ҳар кишвари узви паймон буда, ба таҳкими амнияту озодии ин минтақа ва саросари олам саҳм хоҳад гузошт."
Буш афзуд, Русия ҳаққи гузоштани вето ба қарорҳои паймонро надорад.
Назархоҳиҳо гувоҳ аз онанд, ки аксари мардуми украин мухолифи узвияти ин кишвар дар Нато мебошанд. Русия шадидан мухолифи ин иқдом аст. Баъзе кишварҳои аврупоӣ дар ин маврид шак доранд.
Ҳафтаи равон дар нишасти солонаи раҳбарони кишварҳои узви паймони Нато дар шаҳри Бухарести Руминия имкони пешниҳоди барномаи амал барои узвият дар паймон ба Украинаву Гурҷистон баҳс мешавад. Дар ин нишаст Юшенко ширкат меварзад.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ раисҷумҳури ИМА илова кард, ки узвияти Украинаву Гурҷистон дар Нато бо барномаи бунёди сипари зиддимушакии ИМА дар Аврупои Марказӣ ҳеҷ иртиботе надорад. Русия ба ин лоиҳа низ мухолиф аст.
XS
SM
MD
LG