Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ас-Садр хостори музокирот бо ҳукумат шуд


Муқтадо Ас-Садр, раҳбари шиаҳои ифротгарои Ироқ имрӯз аз ҳукумат даъват кард, ки сари мизи музокирот нишинад. Ӯ ҳамчунин талаб кард, ки сарвазир Нурӣ Ал-Моликӣ Басраро тарк бигӯяд – Ал-Моликӣ ду рӯз боз амалиёти неруҳои ҳукуматӣ алайҳи мусаллаҳони “Артиши Имом Ал-Маҳдӣ”-ро шахсан назорат мекунад. Имрӯз ӯ аз мусаллаҳони “Артиши Имом Ал-Маҳдӣ” тақозо кард, ки тайи 72 соат силоҳ ба замин гузоранд. Ба иттилоъи расмӣ, бар асари амалиёти артиши ҳукумати Ироқ алайҳи мусаллаҳони ин гурӯҳ дар шаҳри Басра дасти кам 40 нафар кушта ва тақрибан 200 нафар маҷрӯҳ шудаанд. “Артиши Имом Ал-Маҳдӣ” таҳти фармони Муқтадо Ас-Садр қарор дорад. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, имрӯз дар Басра ва Бағдод задухурди миёни неруҳои ҳукуматӣ ва ҷонибдорони Ас-Садр идома карданд.

Имрӯз ҷонибдорони Ас-Садр дар порлумони Ироқ ба талошҳо барои изҳори нобоварӣ ба ҳукумати Ал-Моликиро шурӯъ намуданд.

Дар ҳамин ҳол имрӯз сухангӯи неруҳои Иёлоти Муттаҳида Кевин Бегнер дар афзоиши хушунат дар Ироқ мақомоти Эронро айбдор донист.

XS
SM
MD
LG