Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори кушташудаҳо дар Басра ба 30 нафар расид


Нирӯҳои амниятии Ироқ дирӯз дар Басра бо шибҳанизомиёни шиъа вориди задухӯрдҳои сангин шудаанд. Ба хотири касби назорат бар ин шаҳр ва пирӯзӣ бар ҷангиёни Ҷайши Маҳдӣ, марбут ба Муқтадо Садр, як раҳбари тундрави шиъаҳои ироқӣ, ҳазорон сарбози ироқӣ ба Басра эъзом шудаанд.

Бино ба хабарҳо, дар Басра то кунун дасти кам 30 нафар куштаанд.

Сарвазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ низ бар ҷараёни амалиёти Басра шахсан назорат мекунад. Аммо нирӯҳои Бритониё, ки назорат бар вазъи Басраро дар моҳи декабр ба нирӯҳои амниятии Ироқ вогузор карда буданд, дар амалиёти дирӯза дахолат накардаанд.

Ташаккули тарафдорони Муқтадо Садр оғози як маъракаи тазоҳуротҳо ба нишони эътироз ба саркӯбии ин ҳаракатро эълом кардааст.

XS
SM
MD
LG