Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Буш бо Саакашвили


Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш дирӯз дар Вошингтон ҳамтои гурҷиаш Михаил Саакашвилиро ба ҳузур пазируфт.

Буш ба Саакашвили итминон додааст, ки дар нишасти навбатии сарони кишварҳои узви паймони низомии НАТО дар Бухарест оғози марҳалаи қабули Гурҷистон ба узвияти ин созмонро пешниҳод ва пуштибонӣ хоҳад кард.

Раисиҷумҳури Амрико ҳамзамон хостори ҳалли сулҳомези баҳси Тифлис бо ҷумҳуриҳои ҷудоиталабаш –Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ - шуд. Масъалаи шурӯъи равобити наздиктари НАТО бо Гурҷистон моҳи апрел дар нишасти ин паймон дар Бухарест баррасӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG