Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки миллӣ беш аз 47 миллион доллари бар асоси иттилоъоти ғайривоқеъӣ ба даст оварда, аз Сандуқи байнулмилалии пулро аз кадом ҳисоб бархоҳад гардонд?

Ахиран Сандуқи байнулмилалии пул (СБП) мақомоти Тоҷикистонро дар ироъаи иттилоъоти ғайривоқеъӣ ва бар асоси он бадарёфт намудани беш аз 47 милюн дуллори амрикоӣ муттаҳам карда, аз Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), то ин маблағро ба СБП баргардонад.
БМТ ин иддаъои СБП-ро куллан пазируфтааст. Беш аз 47 миллион доллари дарёфтнамути Тоҷикистон мебоист барои коҳиши низоми камбизоъатӣ масраф мешуд.
Дар изҳороти СБП омадааст, ки мақомоти Тоҷикистон барои ба даст овардани кумакҳои молӣ дар соли 2004 – 2006 захоири воқеъии арз ва тилои ҷумҳуриро сарпӯш карда, аз сӯи дигар. Захоири арз ва тилои Бонки миллиро ба унвони тазмини баргардонидани вомҳо натанҳо ба СБП, балки барои дигар манобеъи сармоягузор низ ироъа кардан. Ба гуфтаи Парвиз Муллоҷонов, коршиноси минтақа, давлати Тоҷикистон ва Бонки миллии кишвар, ки аз дигар манобеъи миллӣ бархӯрдор нестанд, захоири арзу тилоро ҳамчунин ҷиҳати пардохти бидеҳиҳои бахши кишоварзӣ низ ба гарав мондаанд.
Ба гуфтаи вай, мақомоти Тоҷикистон ин захоирро андак ироъа карда, Тоҷикистонро як кишвари камбизоъат муаррафӣ намудаанд, то аз СБП маблағи бештаре дарёфт кунад. Ба эътиқоди оқи Муллоҷонов, аз сӯи дигар, бонки миллӣ кумакҳои молии СБП-ро на барои коҳиши мизони камбизоъатӣ масраф кардааст, балки барои додани вом ба кишоварзон дар ихтиёри ширкатҳои фючерсӣ қарор додааст.
Ба эътиқоди ӯ, ин иқдоми бонки миллӣ ба нафъи соҳибкорон хулоса нашуда, балки мизони бидеҳкориҳои онҳо ва ширкатҳои фючерсӣ ва бонкҳоро ба беш аз 500 милюн дуллор расонидааст, ки наздик ба 50 дарсади бидеҳкориҳои Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷиро ташкил медиҳад.
Порлумони Тоҷикистон барномаи коҳиши камбизоатӣ дар ҷумҳуриро тасвиб карда, иҷрои ин барномаро дар авлавияти фаъолияти давлат қарор додааст. Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ин бахш ба пешравиҳое даст ёфтааст.
Ин дар ҳолест, ки давлат кумакҳои молии СБП дар ин бахш дар солҳои 2004 – 2006-ро ба мақсадҳои дигар масраф кардааст.
Дар робита ба ироъаи иттилоъоти ғайривоқеъии мақомоти тоҷикистон ба СБП ҷиҳати дарёфти кумакҳои моллӣ ва адами эътисмоди Сандуқи байнулмилалии пул қарор гирифтани фаъъолияти Бонки миллии Тоҷикистон. Гуфтугӯи ихтисосие дорем бо Тоҳири Абдулҷаббор, донишманди иқтисод, устоди Донишгоҳи байнулмилалии Тоҷикистон. (Ин суҳбатро метавонед аз сайти родиюи «Озодӣ» гӯш кунед)
Дар ин суҳбат Т. Абдулҷаббор суъолеро матраҳ кард, ки Тоҷикистон аз кадом ҳисоб ва ё аз ҷайби кадом ашхоси давлат ин маблағи ҳангуфтро (47 миллион доллари амрикоӣ) пардохт хоҳад кард?
Баҳром Азимов, коршиноси иқтисод, дар гуфтугӯ бо расонаҳои хабарии тоҷикистон дар посух ба ин суъол гуфтааст: «Бонки миллӣ имкон дорад ин маблағро аз ҳисоби будҷаи давлат пардохт кунад, ки ба адами пешрафт дар яке аз бахшҳо ва афзоиши мушкили мардум ва камбизоъатӣ дар ҷумҳурӣ мунҷар хоҳад шуд».
Дар ҳоле, ки БМТ, вазорати молия ва кумитаҳои зидахли порлумон аз тавзеҳи онки беш аз 47 милюн дуллор аз кадом ҳисоб ва аз ҷайби кадом ашхоси масъули давлат баргардонида мешавад, хомӯшӣ ихтиёр кардаанд
XS
SM
MD
LG