Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони Бонки миллӣ, Вазорати кишоварзӣ ва Оҷонсии заминсозии Тоҷикистон аз вазифа барканор шуданд. Интизор меравад, имрӯз ин танҳо тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон набошад.

Масоили кадрӣ аз муҳимтарин нуктаҳои ҷаласаҳои солонаи ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Тавре, сомонаи раисҷумҳури Тоҷикистон сукбҳи имрӯз, 25 январ навишта буд, дар он «ҳисоботи муфассали роҳбарони вазорату идораҳо, бонкҳо, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо шунида шуда, оид ба натиҷаҳои кори яксолаи онҳо хулосаҳои зарурӣ бароварда мешавад». Рӯзи 25 январ дар чунин маҷлиси солона як силсила тағйироти кадрӣ ба вуҷуд омад.

Бино бар қарори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати Тоҷикистон, ин афрод аз вазоифи худ барканор шуданд:

Муродалӣ Алимардон аз вазифаи раиси Бонки миллӣ,

Абдураҳмон Қодирӣ аз вазифаи вазири кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист,

Давлатшо Гулмаҳмадов аз вазифаи раиси Оҷонси заминсозӣ, геодезия ва харитасозӣ,

Муродалӣ Алимардон муовини сарвазири кишвар дар умури иқтисод таъин гардидааст.

Сомонаи Озодӣ аз тағйироти дигар дар ҳукумати Тоҷикистон шуморо хабардор хоҳад кард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG