Пайвандҳои дастрасӣ

Суқути бозори дуллор дар 4 рӯзи ахир дар Тоҷикистон ба коҳиши муъомилотҳои тиҷоратӣ ва додуситадҳо дар миёни тоҷирон мунҷар шудааст.

Ба гуфтаи саррофон, аз рӯзи ҷумъаи гузашта табодули дуллор ба сомонӣ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи онҳо, Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи шанбеи гузашта супориш додааст, то арзиши 1 дуллорро то 3 сомониву 35 дирам поин биёранд. Саррофон иддаъо мекунанд, ки ин иқдоми бонки миллӣ боиси беназмӣ дар кори онҳо шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, дар як нишасти матбуъотӣ гуфта буд, ки барои коҳиши шиддати таваррум то 8 дарсад дар соли ҷорӣ талош хоҳад кард. Шиддати таваррум дар соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 20 дарсад буд.
Иқтисоддон Ҳоҷимуҳаммад Умаров аз ин иқдоми бонки миллӣ изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки шиддати таваррумро метавон дар суурате коҳиш дод, ки барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ иҷро шаванд ва твлиди колоҳо ба миқдори сомонии дар даст доштаи давлат мусовӣ бошад. Ҳ. Умаров ин иқдоми бонки миллии кишварро як гоми носанҷида ва муғойир баусул ва шеваҳои иқтисод хонд. Ӯ гуфт, ки ин иқдоми бонк ба афзоиши мардуми камбизоъат мунҷар ва ба норизоятиву пайомадҳои дигари номатлубро дар пай хоҳад дошт.
Масъуди Собир, устоди донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон, низ ба ҳамин назар аст. Ба ақидаи вай, ҳар навъ талошҳои бонки миллӣ дар мавриди тақвияти сомонӣ, воҳиди пули Тоҷикистон, асоси илмӣ надорад ва, гузашта аз ин, иқдоми маснуъиест, ки ба нокомиҳову эҷоди мушкили тоза дар иҷрои додуситадҳо мунҷар мешавад.
Ӯ афзуд, ки ба таври маснуъӣ поин овардани қимати дуллор дар муқобили сомонӣ наметавонад қурби арзи миллии кишварро тақвият диҳад.
Ба навиштаи расонаҳои хабарии Тоҷикистон,бонки миллии кишвар барои баррасии авзоъи бозори дуллор як кумисиюни вижаи ҳовӣ аз коршиносони бонк ташкилдодааст. Аммо дар Бонки миллии Тоҷикистон ин хабарро таъйид ва ё рад накарданд.
Ин дар ҳолест, ки ин иқдоми, ба қавли коршиносон, маснуъии бонки миллӣ ба нокомӣ рӯбарӯ шуд. Ба ин далел, ки сомонӣ натавонист дар муқобили дуллор боло равад. Ва саррофон маҷбур шуданд, ки 1 дуллорро ба 3,46 сомонӣ табдил кунанд.
Ба бовари Масъуди Собир, дар сурате, ки бонки миллӣ ин иқдоми носанҷидаи худро идома бидиҳад, қимати дуллор дар муқобили сомонӣ бамаротибболо хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG