Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки миллӣ ба даъвои СБП чӣ хоҳад гуфт?


Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ба баррасии иддаои Сандуқи байнулмилалии пул дар мавриди баргардонидани 47,4 миллион доллар пардохтааст.

Абдуғафур Қурбонов, сухангуи Бонки Миллӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, «БМТ имконият дорад дар ҳаҷми пурра ва дар мӯҳлатҳои муқаррар гардида, қарори қабул кардаи Шӯрои иҷроияи СБП-ро иҷро намояд.»

Оқои Қурбонов гуфт, Бонки Миллӣ дар ин бора ҳамчунин баёнияеро мунташир хоҳад кард.

Сандуқи байнулмилалии пул (СБП) аз Тоҷикистон талаб кард, ки он пули чанде қабл бо роҳи нақзи қавоид гирифтаашро баргардонад. Бино бар иттилоъи хадамоти иттилоъотии СБП, Шӯрои мудирони он ин қарорро аз рӯи натоиҷи иҷлосияи рӯзи чаҳоршанбеаш қабул кардааст.
Сухан дар бораи 5 траншҳои қарзии СБП дар ҳаҷми ҳар кадомаш 15,8 миллион доллари амрикоӣ меравад, ки ба Тоҷикистон ба таври истисно (бидуни иҷрои пурраи шартҳои барномаи ҳамкорӣ) барои январи соли 2004 – феврали соли 2006 ҷудо шуда буданд.
Акнун, мабнӣ бар хулосаи иттилоъотии СБП, Шӯрои мудирият ба хулосае омадааст, ки ин маблағҳо ба Душанбе «дар асоси иттилоъоти нодурусти аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон пешниҳодшуда» ҷудо шуда буд. Инҷо, аз ҷумла, иттилоъот дар бораи ҳаҷми захоири ҳукумат ва Бонки миллии Тоҷикистон ва сиёсати қарзии он дар назар аст.

Шӯрои мудирияти СБП чунин меҳисобад, ки ба Тоҷикистон лозим меояд маболиғи се траншро, ки берун аз чаҳорчӯби ташаббуси оид ба бахшидани ҳамаҷонибаи қарзҳо ҳастанд, баргардонад.
Ба иддаъои СБП, ҷониби Тоҷикистонро лозим аст, ки дар маҷмӯъ 47,4 миллион долларро бо дарсадиҳои мутобиқ баргардонад. Баргардонидани қисмати аввали қарзи умумӣ (ҳамагӣ - 6 қисмат) бояд на дертар аз 5-уми сентябри имсол ва қисмати охирин на дертар аз 5-уми феврали соли 2009 сурат гирад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки маблағшое, ки ба пардохтани қарзҳо сарф шудаанд, баргардонида намешаванд. Шӯрои мудираи ин сандуқи байнулмилалӣ эълом намуд, ки ба ин масъала «диққати ҷиддӣ» хоҳад дод, вале шарҳ надод чиро дар назар дорад. Дар хулосаи матбуъотии СБП таъкид мешавад, ки қарзҳои бо тахриби қавоъид аз он гирифташуда асосан бояд дар муҳлати 30-рӯза баргардонида шаванд. Чунин тамдид барои баргардонидани қарз ба Душанбе ҷиҳати «вазъи ниҳоят душвори иқтисодии кишвар» ва «буҳрони шадиди иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон» дода шудааст.
Хабар дода мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон розӣ шудааст фаъолияти бонки миллии кишварро «тафтиши махсуси аудиторӣ» гузаронад ва ин кор бояд аз ҷониби «ширкати байнулмилалии мавриди бовар» анҷом шавад. СБП аз ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин даъват кардааст, ки натоиҷи тафтиши аудиториро нашр намояд.
Дар ҳамин ҳол, Шӯрои мудираи Сандуқи байнулмилалии пул ба ин қарор омадааст, ки феълан дар робита ба муайянсозии тахриби уҳдадориҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаи ҳамкорӣ бо СБП чораҳои дигарро рӯи даст нагирад.

XS
SM
MD
LG