Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори сафири Русия ба НАТО


Сафири Русия дар паймони низомии НАТО Дмитрий Рогозин ҳушдор додааст, ки агар ин паймон имкони ба узвияташ пазируфтани Гурҷистонро баррасӣ кунад, вилоятҳои ҷудоиталаби он кишвар ҷараёни хуруҷи воқеъӣ аз тобеъияти Тифлисро шурӯъ хоҳанд кард. Дар посух ба ин суол, ки оё Русия Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ, ду вилояти ҷудоиталаби Гурҷистонро ба расмият хоҳад шинохт, оқои Рогозин гуфт, барои Маскав далеле вуҷуд надорад, ки ба ин ҷараён мамониат кунад.

Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ, ки ҳанӯз дар авоили солҳои 90 худро аз Гурҷистон мустақил эълон кардаанд, дар пайи эълони истиқлолияти Косово маъракаи нав ба манзури ахзи эътирофи байналмилалиро ба роҳ андохтаанд.
Дар ҳамин ҳол, Амрико дар робита ба хуруҷи ахири Русия аз паймони кишварҳои муштаракулманофеъ, ки дар тиҷорат бо Абхозистон маҳдудиятҳо ҷорӣ мекард, изҳори таассуф кардааст. Русия мухолифи шадиди эълони иистиқлолияти Косово буд ва мегуфт, ин иқдом барои қаламравҳои дигари ҷудоиталаб метавонад намунаи ибрат шавад.

XS
SM
MD
LG