Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аксандози Косово дар Сербия


Аз ҳамон оғоз возеҳ буд, ки дар Сербистон ташкили эътилофи нируҳои ҷонибдори Воислав Коштуница - нахуствазири собиқ ва Борис Тадич - раисҷумҳур кори осоне нахоҳад буд. Воислав Коштуница, ки 8-уми март аз мақоми нахуствазирии кишвараш истеъфо дод, муҳофизакор аст, дар ҳоле, ки Борис Тадич бо Ҳизби демократи худ аз Ғарб ҷонибдорӣ мекунад. Коштуница эълон кард, ки ҳукумат суқут кардааст ва дигар наметавонад фаъолияти худро идома диҳад:

"Ҳукумат дар бораи муҳимтарин масъала, яъне Косово дар дохили Сербистон дигар сиёсати воҳид надорад ва ҳукумате, ки сиёсати воҳид надорад, наметавонад фаъолият кунад. Ин поёни кори ҳукумат аст. Беҳтар хоҳад буд, агар 11-уми май интихоботи зудраси порлумонӣ ва интихоботи мақомоти маҳаллӣ баргузор шавад".

Дар Сербистон ҳамаи ҳизбҳои аслии сиёсӣ бо масъалаи Косово, ки истиқлоли худро эълон кардааст, розианд. Онҳо бо баъзе масъалаҳои расмӣ мухолифат нишон медиҳанд. Яъне норизоятии онҳо аз ин аст, ки ҳамгироии Сербистон бо Иттиҳодияи Аврупо ҳамзамон бо эълони истиқлоли Косово анҷом мегирад. Борис Тадич хостори ҳамгироии Сербистон бо Иттиҳодияи Аврупост, вале мегуяд, ки ин раванд бояд бо масъалаи истиқлоли Косово тавъам набошад.

Мавзеъгии Коштуницаи миллатгаро, ки аз суи тундравҳо ҳимоят мешавад ва дар порламони кунунӣ аксариятро ташкил медиҳанд, аз мавзеъгирии Борис Тадич фарқ дорад. Ҷонибдорони Коштуница мегуянд, ки Сербистон бояд танҳо дар сурате ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо дарояд, ки Косово дар таркиби Сербистон бошад.

Чунин ихтилофи назари миёни нахуствазир ва раиси ҷумҳур саранҷом ба ҷое расид, ки 6-уми март ҳукумат дар натиҷаи як райъдиҳӣ вуруд ба Иттиҳодияи Аврупоро ба ҳолати рукуд даровард. Вазирони ҷонибдори раиси ҷумҳур ва як эътилофи ҳизбҳои камшумор бар зидди тасмими ҷонибдорони нахуствазири собиқ рай доданд.

Ҳоло дар сурати баргузории интихоботи зудраси порламонӣ он ба мисли назархоҳие арзёбӣ хоҳад шуд, ки самтгирии сиёсати ояндаи Сербистонро таъйин мекунад. Жан Асселборн - вазири хориҷаи Луксембург мегуяд, ин интихобот рушан хоҳад кард, ки самтгирӣ ба суи Аврупо хоҳад буд ё бар зидди Аврупо. Карл Билдт - вазири хориҷаи Шведсия бар ин назар аст, ки бо ин интихобот Сербистон ё ба суи Аврупо майл мекунад ё дар инзиво танҳо хоҳад монд. Аммо Дмитрий Рупел - вазири хориҷаи Словения, ки ҳоло кишвараш раҳбари дараии Иттиҳодияи Аврупоро бар ҳда дорад, умедвор аст, ки дар интихобот ҳизбҳое дастболо шаванд, ки аз сиёсатҳои Ғарб ҷонибдорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG