Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Инак, имрӯз баъд аз зуҳр Косово истиқлоли худро эълом намуд. Ҳазорон сокинони шаҳр ба хиёбонҳо рехта якдигарро бо эълони истиқлол табрик мегӯянд.

Имрӯз баъд аз зуҳр Косово истиқлоли худ аз Сербистонро эълом кард. Тасмим дар ин бора дар нишасти фавқулодаи порлумони Косово гирифта шуд.
Ҳошим Тачӣ, сарвазири Косово, тарҳи эъломияи истиқлолро дар назди вакилон қироъат кард ва порлумон аз тарҳ бо кафкӯбиҳо истиқбол кард.
Соате пеш аз ин Фатмир Сейдиу, раисиҷумҳури Косово, зимни зиёрати оромгоҳи раисиҷумҳури пешини минтақа Иброҳим Ругова дар Приштина таъйид кард, ки имрӯз Косово ба оилаи кишварҳои озоду демократӣ ворид хоҳад шуд ва барои наздик овардани ин рӯз зиндаёд Иброҳим Ругова ва фармондеҳи артиши озодихоҳи Косово Адам Яшарӣ саҳми бузург доранд.
Имрӯз Приштина барфпӯш гардид ва мардум инро чун сафедиву фоли нек арзёбӣ карданд ва ба хотири ҷашн гирифтани эъломи истиқлол ба хиёбонҳо рехтанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз Приштина иттилоъ медиҳад, ки шаҳр қабои идона ба бар кардааст ва рӯҳияи мардум ҳам комилан идона аст. Яке аз мусоҳибони ӯ изҳор дошт, ки барои таҷлили ин рӯзи бузург аз Олбониё ба Приштина омадааст: «Аҷдоди ман солҳои хеле пеш аз инҷо, аз Косово, фирор намуда буданд. Ва на фақат ба хотири худам, балки ба хотири гузаштагонам, ки ҷони худро барои фарорасии ин рӯз қурбон кардаанд, ман дар ин рӯзи бузург инҷоям”.
Як сокини Приштина изҳор кард, ки мардуми Косово садсолаҳо боз – 550 соли зери асорати туркҳо ва 100 соли зери асорати сербҳо – ин рӯзро интизор буданд.
Аслан таҷлили эълони истиқлол ҳанӯз шоми шанбе шурӯъ шуда буд ва ҳазорон нафар бо парчамҳои Олбониё, Амрико, Бритониё, Иттиҳодияи Аврупо ва NАТО ба хиёбонҳо рехтанд ва садои сигнали мошинҳову оташфурӯзӣ соатҳо идома дошт.
Ва аммо сербҳои муқими Косово аз ин тантана дар канор истоданд, зеро онҳо мухолифи эълони истиқлоли минтақаанд.
Дар ҳамин ҳол имрӯз Белград таҳдид кард, ки алайҳи Косово аз чораҳои дипломатӣ ва иқтисодӣ кор мегирад ва аммо аз нерӯи низомӣ истифода нахоҳад кард. Се рӯз пеш ҳукумати Сербистон тасмим гирифта буд, ки эълони истиқлоли якҷонибаи Косоворо ғайриқонунӣ шуморад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG