Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Белград раҳпаймоён ба ҳавлии сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дохил шуданд ва гӯшаеро дар он оташ заданд.

Бино ба гузоришҳо, мардумро аз саросари Сербистон тавассути қаторҳои маҷҷонӣ ба пойтахт, шаҳри Белград мекашонанд ва хонандагони макотибро ба хотири ширкат дар ин гирдиҳамоӣ аз дарс рухсат додаанд.

Гирдиҳамоӣ дар Белград дар ҳоле ташкил мешавад, ки дар пайи эълони истиқлолияти Косово, ин вилояти аксаран албанишинин ва дар гузашта тобеъи Белград, Сербистон ва ҳамчунин манотиқи умдатан сербиншини Косово ба авҷи нави хушунат рӯбарӯ шудаанд. Қарор аст, ба мисли Белград дар соъир манотиқи Сербистон ва Черногория низ алайҳи истиқолияти Косово чунин раҳпаймоиҳо барпо шаванд.

Вазири хориҷаи Сербистон Вук Еремич аз минбари кумитаи равобити байналмилалии Парлумони Аврупо гуфт, Белград ҳамчунон ҷӯёи як роҳи ҳалли мусолиматомез дар масъалаи таъйини сарнавишти Косовост. Вале сӯҳбатҳои Еремич кофӣ набуд, ки нигарониҳои мавҷуда дар мавриди эҳтимоли ба хушунат печидани раҳпаймоии Белградро фурӯ нишонад.

Дар арафаи раҳпаймоии Белград, созмони Афви байналмилалӣ, мақараш дар Лондон, бо нашри як баёния аз мақомоти Сербистон ва шахсан аз сарвазир Воислав Коштунитса ва раисҷумҳури Сербистон Борис Тадич даъват кардааст, “ҳамалот алайҳи фаъолони ҳуқуқи башар ва ақаллиятҳои қавмӣ дар кишвари худро фавран маҳкум кунанд.” Як намояндаи ин созмон гуфтааст, “агар Белград ҳоло иқдом накунад, чунин ҳол метавонад мунҷар ба зери хатар мондани ҳаёти мардумон ва бурузи эътирозҳои бештаре алайҳи эълони истиқлолияти Косово шавад.”

Ду рӯз пеш издиҳоми сербҳо ду гузаргоҳи воқеъ дар марзи байни Сербистон ва шимоли Косоворо оташ заданд. Ин ду гузаргоҳ рӯзи чоршанбе ва он ҳам таҳти назари нирӯҳои пулис ва нирӯҳои ҳомии сулҳи паймони НАТО дубора боз шуд.

Фиристодаи хоси Иттиҳодияи Аврупо Питер Фейс дар як нишасти хабарӣ дар Приштина ҳамаро ба оромӣ ва хештандорӣ даъват кард.

Рӯзи 21 феврал ба ҷумлаи кишварҳое, ки истиқлолияти Косоворо расман эътироф кардаанд, Итолиёву Эстония афзуд. То кунун Приштинаро ба расмият кишварҳои зиёде, аз ҷумла Амрико ва аксари кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бо шумули Бритониё ва Олмону Фаронса шинохтаанд.

Аммо чанд кишвари узви ин созмон, аз ҷумла Испанияву Руминия ба хотири ҷилавгирӣ аз ташвиқи ҳаракатҳои ҷудоиталабӣ дар қаламрави худи ин кишварҳо аз эътирофи истиқлолияти Косово худдорӣ кардаанд. Рӯзи панҷшанбе раисҷумҳури Сербистон Борис Тадич ба Руминия, ки эълони истиқлолияти Косоворо амали ғайриқонунӣ номидааст, сафари расмӣ дошт. Аммо гуфта мешавад, ки Борис Тадич аллакай шоми панҷшанбе ҳамроҳ бо сарвазири Сербистон Воислав Коштунитса ба суфуфи раҳпаймоён дар Белград хоҳад пайваст.

XS
SM
MD
LG