Пайвандҳои дастрасӣ

Моҷароҳои лафзӣ дар бастагӣ ба Косово


Дар ин рузҳо дар саросари ҷаҳон моҷароҳои лафзӣ пиромуни эъломияи истиқлолияти Косово идома дорад.

Сербистон мегуяд, ки сафирони худро аз кишварҳое, ки истиқлоли Косоворо ба расмият мешиносанд, аз ҷумла аз Амрикову Бритониё ва Фаронсаву Туркия фаро мехонад. Вале масъала ин аст, ки шумораи чунин кишварҳо, яъне кишварҳое, ки истиқлоли Косоворо мешиносанд, дар ҳоли афзоиш аст.

Ҷорҷ Буш - раиси ҷумҳури Амрико дар ҷараёни силсилабоздидҳои худ аз кишварҳои африқоӣ дар Тонзониё чунин гуфт:

"Мо бо Русия роҷеъ ба истиқлоли Косово ҳамкории наздик доштем, дар ҳоле, ки бо кишварҳои аврупоӣ ва соири кишварҳо ҳамкорӣ мекардем. Мо медонистем, ки ин кори дурустест. Ихтилофи назар вуҷуд дорад, вале мо боварӣ дорем, мисли бисёре аз кишварҳо, ки раванди ҳаводис ин кори дурустро таъйид хоҳад кард ва ба Болкон сулҳ хоҳад овард".

Амрико дар миёни нахустин гуруҳи кишварҳои ғарбӣ буд, ки истиқлоли Косоворо эътироф кард ва ҳоло чунин ба назар мерасад, ки он як посухи муҳтотона ва аз қабл ҳамоҳангшуда будааст. Дар ин гуруҳ Бритониёву Фаронса ва Олмону Итолиё низ ҳастанд, ки 18-уми феврал, яъне дар нахустин рузи баъд аз эълони истиқлол аз ин истиқлол пазироӣ карданд. Ҷорҷ Буш мегуяд, ин кор пешакӣ бо кишварҳои ғарбӣ ҳамоҳанг шуда буд:

"Мо бо муттаҳидони аврупоии худ ҳамкорӣ кардем, то боварӣ пайдо кунем, ки ин руйдод ҳамоҳанг ва аз ҳимоят бархурдор шавад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ин иқдом ҷонибдорӣ мекунад, зеро мо бовар дорем, ки он сулҳ меорад".

Ҳошим Тачӣ - нахуствазири Косово имруз дар Приштина аз ин ҳимоят истиқбол кард ва ба Амрико паёми сипос фиристод:

"Ташаккур ба шумо президент Буш. Ташаккур ба давлат ва шаҳрвандони Амрико. Ниҳодҳои давлатии Косово, мардуми Косово аз мардуми Амрико ҳамеша сипосгузор хоҳанд буд".

Аммо дар баробари ҳимояту истиқбол аз истиқлоли Косово қисми дигае аз кишварҳои ҷаҳон ин истиқлолро қабул надоранд. Масалан, Испониё, ки бо муборизаҳои ҷудоихоҳонаи баскҳо ру ба руст, намехоҳад истиқлоли Косоворо ба расмият шиносад. Румониё ва Молдова низ бо масъалаҳои ҷудоихоҳон дар моварои Днестр гирифторанд. Кипр низ ҳамин тавр. Озарбойҷону Гурҷистон ва Шри-Лонкову Чин низ аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки мухолифи истиқлоли Косово изҳори назар кардаанд, зеро дар ин кишварҳо низ масъалаи ҷудоихоҳии ақалиятҳои миллӣ вуҷуд дорад.

Русия ҳомии қавии Сербистон дониста мешавад, ки эъломияи истиқлоли Косоворо рад мекунад. Виталий Чуркин - намояндаи Русия дар СММ ин истиқлолро ба истилоҳи худаш "нақзи хашинонаи муқаррароти байналмилалӣ" хонд. Вале кишвараш аз муборизаи ҷудоихоҳони Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ дар Гурҷистон ва Моварои Днестр дар Молдова ҷонибдорӣ мекунад.

Борис Тадич - раиси ҷумҳури Сербистон зимни суханони худ дар ША СММ гуфт, ки ҳашт сол Сербистон дар сулҳу демократия ба сар бурд ва ҳоло мисли ин ки муҷозот ва аз як қисмати сарзаминаш маҳрум мешавад. Дар Сербистон аҳзоби аслии сиёсӣ бар зидди истиқлоли Косово зери шиъори "Косово Сербистон аст" даст ба тазоҳурот задаанд.

XS
SM
MD
LG