Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроилу фаластиниҳо сари мизи музокирот мешинанд


Имрӯз котиби давлатии ИМА хонум Кондолиза Райс гуфт, ки исроилиҳову фаластиниҳо мехоҳанд музокироти сулҳи Ховари Миёнаро, ки баъди ҳамлаҳои ҳавоии Исроил болои минтақаи Ғаззаи зери назорати Ҳамос мутаваққиф шудаанд, аз сар гиранд.
Дар нишасти матбуотии муштарак бо вазири корҳои хориҷии Исроил хонум Тсипӣ Ливнӣ дар шаҳри Байтулмуқаддас Райс гуфт, мансабдорони исроиливу фаластинӣ робита барқарор намуда, роҳи ҳал ҷустуҷӯ доранд.
Раҳбари идораи мухтори фаластиниҳо Маҳмуд Аббос тасдиқ кард, ки мехоҳад сари мизи музокирот бо Исроил баргардад, вале ҳоло дақиқ нест, ки пешшарти ӯ дар бораи оташбаси Ғазза ҳамоно по бар ҷост ё не?
Ҳамлаҳои ҳавоии Исроил болои Ғазза, ки ҳафтаи равон ҳаёти камаш 125 касро аз байн бурдаанд, музокироти сулҳи исроилиҳову фаластиниҳоро бо бунбаст мувоҷеҳ намуданд.
XS
SM
MD
LG