Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисҷумҳури Украина-ҷонибдори идомаи баҳси газ


Дар ҳоле ки Русия содироти гази табиӣ ба Украинаро 50% коҳиш додааст, президенти Украина Виктор Юшенко ба сарвазири кишвараш Юлия Тимошенко дастур дод, ки музокироти бозгардони қарз ба ширкати давлатии Газпроми Русияро фавран оғоз намояд.
Дар паёме ба номи Тимошенко президенти Украина ҳукумати ин кишварро мавриди интиқод қарор дода, даъват кардааст, ки ширкати давлатии Нафтогази Украина бо Газпром баҳси воридоти гази табиӣ барои соли 2008-умро аз сар гирад.
Хонум Тимошенко аснои сӯҳбат дар ҷаласаи ҳукумати ин кишвар гуфтааст, ки Киев содироти гази Русия ба Аврупоро мутаваққиф накарда, шарики боэътимоди Аврупо боқӣ мемонад.
Ба қавли Тимошенко ин кишвар захираи кофии гази табиӣ дар ихтиёр дошта, аҳолиро низ бидуни таваққуф бо маводи сӯхт таъмин хоҳад кард:
" Сарфи назар аз васвасаи зиёд дар атрофи гази табиӣ, имрӯз Украина захираи кофии газ дорад ва мо макони нигаҳдошти газ низ дорем ва ин иншооти нигаҳдошти газ фаъол мебошад. Новобаста ба иғвоҳо бо гази табиӣ мардуми Украина бидуни таваққуф аз гази табиӣ, гармӣ ва оби гарм баҳрабардорӣ хоҳанд кард."
Рӯзи сешанбе Газпром содироти газ ба Украинаро 50% коҳиш дод.
Ҳамчунон Газпром ҳушдор додааст, ки агар Киев қарзашро напардозад ва созиши соли 2008-умро имзо накунад, содироти газ ба Украина боз ҳам коҳиш меёбад.
Ба қавли Газпром Украина 600 миллион доллар бозбидеҳӣ дорад.
XS
SM
MD
LG