Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев гуфт, ӯ роҳи Путинро идома медиҳад


Дмитрий Медведев, ки бино бар натоиҷи эълоншудаи шумориши оро дар интихоботи раёсатҷумҳурии Русия баранда шудааст, ҳамаро итминони хотир дод, ки хатти машши сиёсии президенти феълӣ Владимир Путинро идома хоҳад дод. Шумоирши беш аз нисфи оро ҳокист, ки аз номзадии Медведев беш аз 69 дарсад ҷонибдорӣ кардаанд.

Номзади коммунистҳо Геннадий Зюганов дар мақоми дуввум ва номзади ҳизби либерал-демократ Владимир Жириновский дар ду мақоми баъдӣ ҷой гирифтаанд.

Дар нимаи шаб Владимир Путин ва Дмитрий Медведев дар рӯбарӯи издиҳоми тарафдорони худ, ки дар майдони Сурхи Маскав гирди ҳам омада буданд, ҳозир шуданд. Медведев гуфт, ӯ роҳи Путинро идома хоҳад дод.

Геннадий Зюганов дар ҳамин ҳол гуфтааст, ки ҷараёни интихобот ҳамроҳ бо тахаллуф ва тақаллуб буд. Нозирони мустақили маҳаллӣ низ гуфтаанд, мақомот ба вуруди онҳо ба баъзе ҳавзаҳои раъдиҳӣ монеъ шуда, дар бисёре аз ҳавзаҳо раъйдиҳии батакрор мушоҳида шудааст.

XS
SM
MD
LG