Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз нооромиҳои ахири Ховари Миёна нигарон аст


Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун аз афзоиши хушунат дар Ховари Миёна нигаронии амиқ иброз доштааст. Изҳороти Бан баъди марги 11 фаластинӣ ва аз ҷумла чор кӯдак бар асари ҳамлаҳои исроилӣ болои ҳадафҳо дар минтақаи Ғазза пахш шуд. Дар натиҷаи мушакборони фаластиниҳо дар шаҳри Сдероти Исроил низ як исроилӣ ба ҳалокат расидааст. Субҳи панҷшанбе дар Токио баъди мулоқот бо сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт котиби давлатии ИМА хонум Кондолиза Райс гуфт, ҳамлаҳои Ҳамос болои Исроил бояд хотима ёбанд.
XS
SM
MD
LG