Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Роберт Кочариён аз мухолифон


Раиси ҷумҳури Арманистон Роберт Кочариён аҳзоби сиёсии мухолифи давлатро муттаҳам кард, ки қасд доранд, то ҳукуматро ба зӯрӣ аз худ кунанд. Вай гуфт, посухи ҳукумат ба чунин талош, “қотеъонаву устувор хоҳад буд, то амният ва низоми қонунӣ дар кишвар ҳифз шавад”.
Даҳҳо ҳазор нафар аз тарафдорони мухолифини ин кишвар чаҳор рӯз дар шаҳри Ереван ба нишони эътироз аз натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ тазоҳурот карда ва хостори баргузории интихоботи нав шуданд.
Дар интихоботи ҳамин ҳафта нахуствазири Арманистон Серж Саркиссиён тақрибан 53 дар сади раъйи мардумро ба даст овард ва рақиби нокоми ӯ раиси ҷумҳури собиқ Левон Тер Петроссиён мегӯяд, интихобот олуда ба тақаллуб баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG