Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омодасозии мутахассисони зиддитеррористии тоҷик


Бино ба иттилоъи сафорати ИМА дар Тоҷикистон, як гурӯҳи 21-нафарии кормандони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Дафтари минтақавии бехатарии сафорати ИМА курси махсуси зиддитеррористиро хатм намудаанд.

Дар ин курс, ки аз сӯи Дафтари минтақавии бехатарии сафорати ИМА дар Душанбе ташкил шуда буд, мутахассисони Дафтари мусоидати зиддитеррористии (МЗТ) Департаменти давлатии ИМА барои таълим додан таклиф шуда буданд, гуфта мешавад дар гузориши сафорати ИМА.

Арзиши тахминии курс 200 000 доллар буда, ширкаткунандагони он бисёр машқҳоро ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар ИМА гузаронидаанд. Гуфта мешавад, аз соли 2002 ин ҷониб зиёда аз 326 кормандони сохторҳои ҳукуматии Тоҷикистон дар тренингҳои Дафтари мусоидати зиддитеррористии (МЗТ) иштирок намудаанд ва маблағи тахминии он 6 миллион долларро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG