Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фидел Кастро курсиро холӣ кард


Пешвои Куба, Фидел Кастро изҳор доштааст, ки дигар ба маснади рақами яки кишвараш барнамегардад. Изҳороти Кастроро сомонаи нашрияи расмии Ҳизби коммунисти Куба, Granma, чоп кардааст. Ҳамакнун, рӯзи якшанбе дар шаҳри Гавана – пойтахти Куба нишасти порлумон баргузор мешавад ва дар он масъалаи ҷойгузини Фидел Кастро баррасӣ хоҳад шуд. Ҳадс зада мешавад, ки дар курсии Фидел бародари ӯ Раул хоҳад нишаст.

Фидел Кастро 81 сол дорад ва аз соли 1959 раҳбарии Кубаро бар дӯш дорад. Аз соли 2006 пас аз ҷарроҳӣ шудани Фидел, ҳукуматро бародараш Раул идора мекунад.

XS
SM
MD
LG