Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушарраф покистониҳоро ба ҳифзи ваҳдат даъват кард


Дар ҳоле ки ҳисоби раъйҳои интихоботи парламентии рӯзи душанбе шурӯъ шудааст, президенти Покистон Парвез Мушарраф мардуми кишварашро ба ҳифзи ваҳдат даъват кард. Мушарраф мегӯяд, ӯ новобаста ба пирӯзии ин ва ё он ҳизб ҳозир аст бо ҳукумати нав ҳамкорӣ намояд.
Тахмин мешавад, дар интихоботи 18-уми феврал ҳизби собиқ сарвазири Покистон хонум Беназир Бҳутто, ки дар моҳи декабр ба қатл расидааст, комёб хоҳад шуд.
Натиҷаи ниҳоии овоздиҳӣ рӯзи чоршанбе эълон мешавад.
XS
SM
MD
LG